Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон марди гумонбар дар куфр аз дасти ҳамлагаре кушта шуд


Додгоҳи олии Пешавар
Додгоҳи олии Пешавар

Як марди мусалмон, ки бояд дар додгоҳи шаҳри шимолуғарби Пешавар аз рӯи иттиҳоми куфр посух медод, дар дохили толори мурофиа ба қатл расид. Маълум нест, ки ҳамлагари ҷавон Холид Хон чӣ гуна аз занҷири сахти амниятиҳо гузашта ба толор роҳ ёфтааст. Ӯро ҳамон замон боздошт карданд. Афсари полис Азмат Хон гуфт, ки марди гумонбар Тоҳир Шамим Аҳмад ду сол пеш иддао кардааст, ки ӯ пайғамбари Ислом аст. Баъди ин ӯро бо иттиҳоми куфт боздошт карданд. Қонуни баҳсбарангези куфр дар Покистон дар сурати тавҳин ба номи Ислом, пайғамбар ваё раҳбари динӣ иҷрои билофосилаи ҳукми маргро пешбинӣ мекунад. Гумонбарони содир кардани чунин ҷиноятҳоро маъумлан издиҳоми мардум бо дасти худ ба додгоҳ месупорад. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бисёр вақт аз ин қонун барои муҷозоти намояндагони аққалиятҳои миллӣ ваё қасдгириҳои хусусӣ сӯиистифода мешавад.

XS
SM
MD
LG