Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наққошии Рембранд бо 14,5 миллион фунт ба фурӯш рафт


Як меҳмони музоядаи Sotheby's-и Лондон бо автопортрети Рембранд акс гирифтааст. 23 июли соли 2020
Як меҳмони музоядаи Sotheby's-и Лондон бо автопортрети Рембранд акс гирифтааст. 23 июли соли 2020

Дар музоядаи Sotheby's-и Лондон автопортрети Рембранд бо 14,5 миллион фунт стерлинг (муодили 18,7 миллион доллар) ба фурӯш рафт. Ин гаронтарин кори ҳунарии наққоши ҳолландӣ аст. Дар оғози музояда нархи онро 12 то 16 миллион фунт пешгӯӣ мекарданд. Барои хариди ин наққошӣ шаш коллексионер ё ҷамъкунандаи расмҳо мубориза бурданд. Автопортрет ё наққошии чеҳраи рассоми маъруф бо қалами худаш соли 1632 дар 26-солагии Рембранд анҷом шудааст. Ин яке аз се автопортрети ӯ аст, ки дар дасти ҷамъкунандагон нигаҳдорӣ мешавад. Рекорди аз ин пеш соли 2003 ба қайд гирифта шуд, вақте як автопортрети наққош бо арзиши 7 миллион фунт ба фурӯш рафт.

XS
SM
MD
LG