Мақомоти амрикоӣ се вебсайти англисизабонеро фош карданд, ки аз онҳо Русия барои паҳн кардани иттилои дурӯғин дар бораи пандемияи коронавирус дар ИМА истифода мекунад. Оҷонсии Associated Press рӯзи 28 июл дар нақли қавл аз мақомоти амрикоӣ мегӯяд, ки ин вебсайтҳо ба хадамоти иттилооти Русия иртибот дорад ва исми ду корманди ГРУ (Сарраёсати ҷосусии вазорати дифои Русия)-ро ҳам ном бурд, ки масъули пахши иттилои дурӯғин дар бораи ИМА барои корбарони ғарбӣ мебошад. Манбаи оҷонсии хабарӣ, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, сухан дар бораи вебсайтҳои марбут ба InfoRos меравад, ки дар Русия ба унвони оҷонсии хабарӣ сабт шудааст ва вебсайтҳоеро бо номи InfoRos.ru, Infobrics.org ва OneWorld.press идора мекунад. Яке аз мақомот гуфт, ки дар фосилаи миёни охири моҳҳои май то оғози июл ин вебсайтҳо 150 матлабе дар бораи вокуниш ба пандемия нашр кардаанд ва дар ин мавод Русия дар симои бисёр мусбат ва ИМА ба шакли бисёр манфӣ муаррифӣ шудаанд. Дар ин матолиб Русия барои тақдими кӯмакҳои ҳангуфт ба ИМА дар давраи пандемия ситоиш шуда, эътирозҳои зидди нажодпарастӣ дар ИМА хеле барҷаста пӯшиш ёфтааст.
Фош шудани кори як вебсайти паҳнкунандаи хабарҳои дурӯғину хусусияти таблиғотидошта дар остонаи интихоботи президентии ИМА, ки ноябри имсол баргузор мешавад, дубора мушкили соли 2016-ро доғ мекунад. Сиёсатмадорони амрикоӣ аз такрори ҳаводиси интихоботи пешин ва дахолати Русия ба маъракаи интихоботии ИМА ҳушдор медиҳанд, ки ба бовари онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати Доналд Трамп анҷом шуда буд. Мақомот мегӯянд, ки дар бораи ин вебсайтҳо ба он хотир сӯҳбат мекунанд, ки дар миёни ин сайтҳову хадамоти иттилооти Русия иртиботи мустақим вуҷуд дорад. Ду мақоме, ки дар InfoRos ба унвони раҳбар шиносоӣ шудаанд, Денис Валериевич Тюрин ва Александр Геннадевич Старунский ном доранд ва дар гузашта дар ГРУ, дар як шӯъбаи вижаи иттилооти низомии психологӣ хидмат кардаанд. АР мегӯяд, ки дархосташ барои шарҳ додани ин иттилоъро имейлӣ ба InfoRos фиристод, вале посухе дарёфт накард. Қаблан дар Аврупо ҳам дар заминаи кори InfoRos ва One World шубҳаҳое баён шуда, иртиботи миёни онҳо ва хадамоти иттилоот мавриди санҷиш қарор дода шуд.