Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо лагад мезаданд". Лукашенко аз ҳамлаи эътирозгарон ба полис интиқод кард


24 июл, Марина Ҳорка. Президенти Беларус Александр Лукашенко аз таҷҳизоти артиш дидан мекунад
24 июл, Марина Ҳорка. Президенти Беларус Александр Лукашенко аз таҷҳизоти артиш дидан мекунад

Бо наздик шудани санаи интихоботи президентии Беларус Александр Лукашенко, ки бори шашум мехоҳад раиси ҷумҳури ин кишвар шавад, гуфт, ки аз ҳама гуна талош барои ҳамла ба ходимони ҳифзи қонун «бояд ҷилавгирӣ шавад». Лукашенко ахиран ҳамроҳ бо раҳбарони сохторҳои интизомии ҳукуматаш аз як воҳиди низомии ВКД дар Минск дидан кард. Ӯ гуфт, ки дар телевизион саҳнаҳои намоишҳои эътирозии шаҳри Минскро тамошо кард ва дид, ки мардум ба полис ҳамла карда, ҳатто кормандони ҳифзи қонунро «бо лагад мезаданд». Ӯ гуфт, «мо набояд ба ин роҳ диҳем. Бачаҳо (манзураш ходимони полис) бояд бидонанд, ки онҳо дар хонаи худ ҳастанд ва касе ҳақ надорад онҳоро бо лагад бизанад. Ба ҳеҷ сурат ба иғво дода нашавед, вале бачаҳоро ҳам наранҷонед». Дар ин бора рӯзи 28 июл бахши Беларусии Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар Беларус рӯзи 9 август интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва дар остонаи ин маърака дар Минску дигар шаҳру манотиқи серҷамъияти кишвар намоишҳои эътирозӣ бо интиқод аз Лукашенко ва роҳ ёфтани номзадҳои мухолифин ба интихобот баргузор мешаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Беларусро барои саркӯбҳои сиёсии интихоботӣ шадидан маҳкум кардаанд. Як рақиби калидии Лукашенко бонкдори собиқ Виктор Бабарика ҳамроҳ бо писараш бо иттиҳоми хилофкориҳои молӣ ба ҳабс гирифта шудааст, дар ҳоле, ки худи ӯву тарафдоронаш ин иттиҳомро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Лукашенко аз соли 1994 дар сари қудрат аст ва ин навбат низ мехоҳад курсии президентиро ҳифз кунад.

XS
SM
MD
LG