Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди роҳандозии парвозҳои чартерӣ миёни Душанбе ва Сеул


Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ.

Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ парвозҳои чартерии ҳавопаймо роҳандозӣ шавад.

Фаррух Ҳамрализода, раиси ин ниҳод дар нишасти хабарии 28-уми июл гуфт, ки феълан ин ниҳод омодасозии ҳафт тарҳи сармоягузорӣ ба маблағи 320 миллион доллари амрикоиро анҷом медиҳад.

Оқои Ҳамрализода афзуд, аммо ба далели хуруҷи бемории COVID-19 роҳҳои иртиботӣ бо Тоҷикистон баста шудааст ва мутахассисони хориҷӣ наметавонанд ба Тоҷикистон бирасанд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, бо як ширкати маъруф аз Кореяи Ҷанубӣ бояд тарҳи бунёди корхонаи тавлиди мошинҳои барқиро баррасӣ мекарданд, аммо ин бемории ҳамагир монеи идомаи музокирот шуд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, мехоҳанд ин корхонаро дар Душанбе бунёд кунанд. Дар назар аст дар баробари мошинҳои сабукрав, дар ин корхона мошинҳои боркаш низ тавлид шавад.

Ин пешниҳод дар ҳоле садо дод, ки хуруҷи бемории COVID-19 сабаб шудааст, ки ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ 30 дарсад коҳиш ёбад.

XS
SM
MD
LG