Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Қурбон дар Тоҷикистон: Идгардак расман манъ шуд


Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон баргузории ҳамагуна маърака дар рӯзи Иди Қурбон, аз ҷумла идгардакро расман манъ кард. Қарори ситод 27-уми июл нашр шуд. Иди Қурбон имсол рӯзи 31-уми июл фаро мерасад. Мақомот ҳадаф аз ин тасмимро пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир гуфтанд.

Чанд рӯз пеш масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки имсол Иди Қурбон бе намози дастҷамъӣ баргузор мешавад. Вале Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, гуфт: "Албатта қурбонӣ кардан мешавад. Азбаски намоз дар масҷидҳои ҷумҳурӣ гузошта намешавад, агар як соат баъд аз тулӯи офтоб қурбониро анҷом диҳанд, қабул аст."

Дар Тоҷикистон аз моҳи март инҷониб дари масҷидҳо бастааст. Иди Қурбон дувумин иди мазҳабӣ дар замони хуруҷи пандемияи коронавирус аст, ки бе намози дастҷамъӣ баргузор мешавад.

Бо як қарори Шӯрои уламо моҳи май дар рӯзи Иди Фитр ҳам намози дастҷамъӣ баргузор нашуд. Мақомот он замон аз сокинон хостанд, ки идро дар хона бо аъзои оила ҷашн гиранд.

Бархе аз сокинон бар ин боваранд, ки танзими маросими идгардак номумкин аст.

XS
SM
MD
LG