Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмони 73-сола, ки зиёда аз сӣ сол боз идораи ҳукуматро ба даст дорад, беш аз ду ҳафта дар маҳзари ом дида нашудааст. Ин ҳолат боис ба пайдо шудани баъзе гумонзанӣ дар бораи вазъи тандурустии ӯ ва масъалаи интиқоли қудрат гашт.
Бино ба ёфтаҳо, ҳавопаймои президент рӯзи 28 ва 29-уми январ дар фазои Душанбе сабт шудааст, аммо дар бораи самти парвози он ва ҷойи фурудоӣ маълумот дастрас нест. Ҳавопаймо рӯзи 13-уми феврал ба Душанбе баргаштааст.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол нагуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар куҷо аст. Аммо вебсайти раисҷумҳур дар як паёми бесобиқа ва он ҳам пас аз сарусадоҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, 11-уми феврал навишт, ки қарор аст Эмомалӣ Раҳмон "рӯзҳои наздик" бо раиси Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дидор кунад. Санаи дақиқе навишта нашудааст. Дар гузашта ҳукумати Тоҷикистон нақшаи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонро аз пеш эълон намекард ва биноан ин паём як навъ посухи ҳукумат ба сарусадоҳо арзёбӣ мешавад.
Дар ҳоле ки дар байни мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа фарзияҳои гуногун мечархад, баъзе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми феврал гуфтанд, “ӯ дар рухсатӣ аст” ва “дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дораду муолиҷа мегирад”. Камаш ду нафари онҳо дар бораи эҳтимол дар Чин будани ӯ хабар доданд.
Дар се рӯзи гузашта чанд манбаи дигари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Раҳмон гуё дар Аврупо аст, вале ягон шаҳру кишвареро ном нагирифтанд. Дар кишваре ба мисли Тоҷикистон, ки солҳои охир дарёфти иттилоъ бавижа аз мансабдорон душвор гашта, афроди дигар ба далели амниятӣ аз баёни воқеа худдорӣ меварзанд, тасдиқи пурраи ингуна хабар ғайриимкон аст.
Аз 28 январ то ҳоло
Барои Тоҷикистон, ки расонаҳои давлатияш шабу рӯз фаъолияти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро бозтоб медоданд, якбора ду ҳафта “ғайб задан”-и ӯ ғайриодист. Ба гузориши вебсайти раисҷумҳури Тоҷикистон, ӯ бори охир 28-уми январ дар ҷаласае бо мансабдорони баландпояи амниятӣ ва интизомӣ дар Душанбе ҳузур доштааст.
Ним моҳ “камнамо” шудани Эмомалӣ Раҳмон ва он ҳам бе ягон шарҳи расмӣ боис ба паҳн шудани гумонҳо дар бораи вазъи тандурустии ӯ ва ҳатто эҳтимоли оғози раванди интиқоли қудрат дар Тоҷикистон шуд. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои дарёфти маълумот дар бораи вазъу ҷойи раисҷумҳур ба ниҳодҳои ҳукуматӣ тамос гирифт, аммо посухе дарёфт накард.
Амр ва барномаи мулоқот
Пас аз он ки Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми феврал бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон эҳтимол барои табобат ба Чин рафтааст, вебсайти раисҷумҳур паёмеро бо номи "Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик” нашр кард.
Тибқи он гуфта мешавад, ки қарор аст Раҳмон раиси Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷоу Ҷиайи ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Эрмек Кошербоевро ба ҳузур пазирад. На Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ва на Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ ҷадвали расмии ин сафарҳоро нашр накардаанд.
Дар хабари сомонаи президенти Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, “чанд чорабинии дигар дар назар аст, ки доир ба онҳо иловатан хабар хоҳем дод.” Аммо сана ё макони мулоқоту чорабиниҳо ишора нашудааст.
Ба иттилои вебсайти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ду ҳафтаи охир чанд ҳуҷҷату амрро низ имзо кардааст: Ӯ рӯзи 29-уми январ рамзи 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро пазируфт; дар пайванд ба ҷашни Сада паёми табрикӣ дод; ба раҳбару сарвазири Покистон изҳори ҳамдардӣ намуд ва 11-уми феврал дар бораи ҷоизаи пулӣ ба 67 пирӯз ва ҷоизадори мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо амреро имзо гузошт.
Ба назар мерасад, ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзҳои набудани Эмомалӣ Раҳмон бо нашри амру эълони нақшаи мулоқоти ӯ талош дорад, бигӯяд, ки масъалае пеш наомадааст.
Дар рӯзҳои нонамоён будани президент писари калонии ӯ Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, рӯзи 6-уми феврал шӯро ва иҷлосияи панҷуми табақаи болоии порлумони Тоҷикистонро баргузор кард. Як акс аз ин ҷаласа, ки се раиси вилоят дар назди ӯ рост истодаанд, оташи сарусадоҳоро аланга дод.
Самти "номаълум"
Дар ҳоле ки дар бораи ҷой ва вазъи тандурустии Эмомалӣ Раҳмон иттилои расмӣ нест, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ маълумоти дастрасро дар бораи парвози Boeing 787-8 Dreamliner, ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон (бо рақами EY-001), санҷид.
Бино ба ёфтаҳо, ҳавопаймо рӯзи 28 ва 29-уми январ дар фазои Душанбе сабт шудааст, аммо дар бораи самти парвози он ва ҷойи фурудоӣ маълумот дастрас нест. Рӯзи 13-уми феврал ҳавопаймо ба Душанбе баргаштааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ мегӯянд?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бавижа саҳифаҳои ҷонибдорони ҳукумат, ба монанди “Ҷонфидои Ватан”, Эмомалӣ Раҳмон чун шахси муҳиму калидӣ дар суботи Тоҷикистон васф шудааст.
Дар яке аз паёмҳо омадааст: "Пешвои муҳтарами миллат, президент Эмомалӣ Раҳмон, аз шахсиятҳои маъруфтарини сиёсии ҷаҳони имрӯз шинохта шудаанд. Ӯ бо роҳбарии худ сулҳу ягонагии мардуми тоҷикро тақвият дод ва дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, ба мисли экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дастрасӣ ба оби пок нақши муҳим бозид."
Ҳарчанд мақомот ба рӯйдоди фавқулодае ишора накардаанд, нашри ин гуна паёмҳо дар замони “ғайб задан”-и Эмомалӣ Раҳмон боис ба бештар шудани гумонзаниҳо гаштаанд.
Дар бораи вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи раҳбарияш ягон гузориши расмӣ нашр нашудааст. Сафарҳои ошкори байнулмилалии ӯ аксаран давлатӣ ё корӣ буда, сафарҳои хусусӣ ё истироҳаташ дар хориҷа пинҳон мемонанд. Ҳукумат дар бораи замони рухсатӣ ё табобати раисҷумҳури Тоҷикистон низ эълони расмӣ намедиҳад.
Бори аввал нест, ки Раҳмон муддати дароз "камнамо" мешавад. Ҳодисаҳои монанд дар солҳои 2017, 2020 ва 2022 рух додаанд. Дар он замон низ мақомот аз шарҳи вазъи саломати ӯ худдорӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, ду соли аввал ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва боқимонда дар мақоми президент, Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад.
Вай дар беш аз се даҳаи охир қудратро мутамарказ карда, бештар аъзои хонавода ва ҳампаймонҳои наздикашро дар мақомҳои калидӣ ҷой додааст.
Тибқи Қонуни асосӣ, агар раисҷумҳури Тоҷикистон ба таври муваққат ё доим вазифаашро иҷро карда натавонад, масъулиятро раиси Маҷлиси миллӣ бар уҳда хоҳад гирифт. Мақоме, ки ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, бар дӯш дорад.