Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизи собиқи Лукашенко ба 12 соли зиндон маҳкум шуд


11 марти соли 2020, Втюрин дар курсии айбдоршавандаҳо
11 марти соли 2020, Втюрин дар курсии айбдоршавандаҳо

Собиқ раиси амнияти президенти Беларус Александр Лукашенко дар мурофиаи додгоҳие дар Минск бо иттиҳоми ришвагирӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми Андрей Втюринро рӯзи 27 июл додгоҳи олии Беларус содир кард. Додгоҳ инчунин Втюринро ба мӯҳлати панҷ сол аз кор дар мақомҳои сохтори дастгоҳи президентӣ ва аз рутбаҳои низомӣ маҳрум намуд. Додгоҳ инчунин аз Втюрин 192 ҳазор доллар маблағро мусодира кард ва гуфт, ки ин маблағи порае буд, ки ӯ гирифтааст. Дар қатори ӯ рӯзи душанбе 15 гумонбари дигар, ки дар миёнашон собиқ кормандони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорон мебошанд, ба мӯҳлати 2 то 7,5 соли зиндон гирифтанд. Як шаҳрванди Латвия, ки ҳамчунин аз рӯи ин парванда гумонбар буд, ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 14,600 доллар муваззаф шуд. Мурофиаи додгоҳии ин гурӯҳ 10 март шурӯъ шуда буд. Втюрин апрели соли гузашта бо иттиҳоми порагирӣ дар ҳаҷми 190 ҳазор доллар боздошт шуд. Ӯро ба ҳангоми харидани таҷҳизоти мухобиротӣ, компютер ва дигар лавозимоти фаннӣ дар порагирӣ айбдор карданд. Втюрини 49-сола як зодаи Русия буда солҳои 2007 то 2014 пеш аз таъин шуданаш ба мақоми муовини дабири Шӯрои амнияти Беларус раҳбари амнияти президент Лукашенко будааст.

XS
SM
MD
LG