Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори эътирозгарони зидди Кремлин дар Хабаровск афзоиш меёбад


25 июл, Хабаровск. Раҳпаймоӣ бо талаби аз боздошт озод шудани Сергей Фургал
25 июл, Хабаровск. Раҳпаймоӣ бо талаби аз боздошт озод шудани Сергей Фургал

Дар шаҳри Хабаровски воқеъ дар Шарқи Дури Русия рӯзи 26 июл ҳам эътирозҳои ҷамъиятӣ бо талаби озод кардани собиқ раиси вилоят идома ёфт. Сергей Фургалро дар сӯиқасд ба куштор ва амр додан ба ду куштор гумонбар медонанд ва ин моддаҳо то 15 соли ҳабсро дар назар мегирад. Ҷонибдоронаш мегӯнд, ки иттиҳомот дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Худи Фургал иттиҳомотро рад мекунад. Ӯ ду сол пеш дар интихоботе, ки бо мағлубияти номзади ҳизби ҳоким анҷомид, ба мақоми раиси Хабаровск таъин шуд. Давоми ду ҳафта дар ин шаҳри иборат аз 600 ҳазор сокин ҳазорҳо нафар дар намоиши эътирозии бетанаффус иштирок ва ба истеъфои президент Владимир Путин ҳам даъват карданд. Рӯзи 25 июл дар эътироз ҳудудан 50 ҳазор нафар иштирок кард, вале мақомот гуфтанд, ки шумори мардуми ҷамъомада 6500 нафар буд. Мақомот аз эътирозгарон талаб намуданд, ки бо далели пандемияи коронавирус пароканда шаванд. Барои аввалин бор баъди таъин шуданаш ба ҷои Фургал раиси нави Хабаровск назди эътирозгарон баромад. Михаил Дегтярев, ки пеш аз хона ба хона шудани эътирозгарон дар наздашон ҳозир шуд, ба як гурӯҳе аз онҳо гуфт, ки барои муошират бо эътирозгарон як шӯро дар заминаи қазияи Фургал таъсис хоҳад шуд. Дегтярев гуфт, ки ҳама гуна тадбир алайҳи Фургал бояд барои ҷомеа дастрас бошад.

XS
SM
MD
LG