Дар шаҳри Ченгдуи Чин бо талаби ҳукумати ин кишвар консулгарии ИМА баста шуд. Ин як иқдоми ҷавобии Пекин дар қиболи Вашингтон буд, ки бастани консулгарии Чин дар Ҳюстонро талаб карда буд. Телевизиони давлатии Чин як гузориши видеоӣ намоиш дод, ки дар он дида мешавад, парчами Амрико дар консулгарии Ченгду поин оварда шуда, кормандонаш пеш аз зарбулаҷали хатми кори муассисаи дипломатӣ тарки бино мекунанд. Департаменти давлатӣ гуфт, ки фаъолияти дипломатҳое, ки давоми 35 сол барои мардуми сокини Чини Ғарбиву Тибет хидмат мекард, қатъ шуд. Дар рӯзҳои истироҳати гузашта бархе сокинони маҳаллӣ ба назди бинои консулгарӣ рафта, бо парчами чинӣ дар даст дар пасманзари он акс гирифтанд. Дар Ҳюстони Техас рӯди 24 июл бо талаби мақомоти ИМА консулгарии Чин баста шуд. Котиби давлатӣ Майк Помпео гуфт, ки Чин бо истифода аз мақоми дипломатиаш дар ин кишвар бо ҷосусиву дуздии моликияти зеҳнӣ машғул мешавад. Вазорати хориҷаи Чин дар изҳороти марбут ба басташавии консулгарӣ дар Ченгду гуфт, ки “ин вокуниши қонунӣ ва зарурӣ ба тадбирҳои бедалели ИМА буд”. Равобити Вашингтону Пекин дар моҳҳои охир пуртаниш шудааст.