Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ аз кӣ қарздор аст: Кишоварзони Кӯлоб ё идораи обрасонӣ?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки кишоварзонро саривақт бо об таъмин мекунанд, вале беш аз 12 миллион сомонӣ пули худро ҳанӯз гирифта наметавонанд.

Кишоварзон дар навбати худ мақомотро ба он айбдор мекунанд, ки бо таъхир обро дастрас менамоянд ва ба ин сабаб мазореашон зарар дидааст.

Амирхон Маҳсиддинов, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб, ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарӣ гуфт, "ҳоло вазъи молии мо хуб нест, чун деҳқонҳо қарздор мондаанд. Дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор овардани об мушкил аст. Дар Душанбе ба 120 ҳазор сомонӣ як насоси обкаш ёфтем, вале ҳамин қадар маблағро ҷамъ наоварданд."

Аммо деҳқонҳо ва моликони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ин бора назари дигар доранд.

Мурод, роҳбари яке аз хоҷагиҳо дар ноҳияи Фархор, гуфт, "идораи обёрӣ ба таври зарурӣ корашро иҷро намекунад" ва сокинон ҳар рӯз барои гирифтани об ҷангу даъво доранд.

"Агар об бошад, деҳқон фоида мегирад ва пулро саривақт медиҳад, аммо об нест. Пахтаи ман ҳоло оби дуюмро надидааст. Шаби дароз кишварзон дар сари замин об мекобанд. Соли гузашта об набуд, ҳеч фоида надидам, баъд аз куҷо пули обро диҳам? Бо об таъмин кунанд, пулашро медиҳем," – афзуд ӯ.

Масъулони идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, имсол барои дастрас кардани об ба 62 ҳазор гектар замин шартнома бастаанд.

XS
SM
MD
LG