Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон дар аввалин намози ҷумъа дар Аёсуфиё иштирок кард


Дар қатори ҳазорҳо намозгузор дар аввалин намози ҷумъа  дар Аёсуфиё президент Раҷаб Таиб Эрдуғон ва вазиронаш бо ниқобҳои зидди COVID-19   иштирок карданд. 24 июл

Рӯзи 24 июл дар бинои Аёсуфиё, ки замоне калисои провославӣ ва осорхонаи таърихие дар Истамбули Туркия будааст, аввалин намози ҷумъа баргузор шуд. Ин сохтмон бар хилофи интиқодҳои байналмилалӣ бо як тасмими мақомоти Туркия ахиран ба масҷид табдил дода шудааст. Ин бино дар қарни 6, дар давраи императори Византия Юстиниани 1 ҳамчун калисои масеҳӣ бунёд шуда буд. Дар қатори ҳазорҳо намозгузор дар аввалин намози ҷумъа дар Аёсуфиё президент Раҷаб Таиб Эрдуғон ва вазиронаш бо ниқобҳои зидди COVID-19 иштирок карданд. Гуфта мешавад, ки замони намозхонӣ кошикориҳои масеҳӣ бо пардае пӯшида шуданд. Аёсуфиё бори аввал соли 1453 баъди ишғоли Константинопол, ки имрӯз Истамбул ном дорад, аз ҷониби ҳукумати Усмонӣ ба масҷид табдил шуд. Бар асоси як қарори соли 1934-и муассиси Ҷумҳурии Туркия Мустафо Камол Отатурк, мақоми ин масҷид ба як осорхона иваз карда шуд. Дар феҳристи мероси ҷаҳонии UNESCO ин бино ба унвони як макони таърихии масеҳиёну мусалмонон ёд мешавад. Ин бино яке аз маъруфтарин маконҳои мавриди зиёрати ҷаҳонгардон буда, соли 2019 дар маҷмӯъ 3,7 миллион нафар аз дохили он дидан кардаанд.

XS
SM
MD
LG