Рамазон Қодиров, раҳбари худкомаи ҷумҳурии Чеченистони Қафқози Шимолӣ котиби давлатии ИМА Майк Помпеоро «таҳрим кард». Қодиров дар як ҷаласаи ҳукуматӣ рӯзи 23 июл, ки тавассути телевизион намоиш дода шуд, гуфт, ки ӯ даъватномаи сафар ба Чеченистонро, ки қаблан ба Помпео фиристода буд, бозмехонад. Ӯ афзуд: «Ман эълон мекунам, ки нисбати Помпео ҳама навъҳои таҳрим, ки мо дар ҷумҳурӣ дорем, то масдудкунии ҳисобҳояш – ҷорӣ мешавад. Онҳо зидди ман айни чунин корро карданд». Изҳороти Қодиров се рӯз баъди он садо дод, ки ИМА алайҳи Қодиров, ҳамсар ва ду духтараш “ба хотири даст доштанаш дар ҳолатҳои зиёди поймолкунии ҳуқуқи инсон таҳрим ҷорӣ кард”. То кунун Вашингтон чандин бор Қодирову шариконашро таҳрим кардааст.
Қодиров собиқ узви гурӯҳҳои шӯришӣ дар ҷанги аввали Чеченистон зидди ҳукумати Русия ҷангидааст. Фаъолони ҳуқуқи башар ӯро дар мавридҳои зиёди поймолкунини ҳуқуқи инсон гунаҳгор мекунанд. Дар миёни ин иттиҳомот шиканҷа, одамрабоӣ, нопадидшавӣ, додгоҳҳои худсарона ва куштори рақибони сиёсӣ ва душманҳои хусусӣ дар Русия ва хориҷ аз он мебошад. Рӯзи 23 июл президенти Русия Владимир Путин Қодировро бо рутбаи баланди низомии генерал сарфароз кард.
Мунаққидони Кремлин мегӯянд, ки Путин ба қонуншиканиҳои эҳтимолии Қодиров чашм мепӯшад, чунки ин раҳбари собиқи шӯришиҳо минтақаи ҷудоиталабро бо панҷаи сангинаш раҳбарӣ мекунад. Чеченистон ду ҷангро пуштисар карда, эҳсосоти норизоият аз ҳукумати русӣ дар миёни ҷудоиталабони ин минтақаи мусалмоннишин тавонистааст аз марзҳои танҳо Чеченистон то ба қаламравҳои дигар тавсеа ёбад.