Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Тоҷикистон нашри матолиб дар матбуоти чинӣ дар бораи марзи ду кишварро "ғаразнок" номид

Ноҳияи Мурғоб дар матлаби журналисти чинӣ бо номи "Помир" ёд шудааст

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашри бархе матолиб дар матбуоти чиниро дар бораи марзи давлатии ду кишвар “ғаразнок” номида, аз ин кишварҳо хостааст, ки барои “роҳ надодан” ба чопи чунин матолиб “тадбирҳо андешанд”. Дар як хабари вебсайти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 23 июл гуфта мешавад, ки ин мавзӯъ дар сӯҳбати фосилавии 22-юми июли муовини якуми ВКХ Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Чин дар Душанбе Лю Бин матраҳ шудааст. Дар ин хабар бидуни овардани ҷузъиёти марбут ба нашрияву муҳтавои матолиб, гуфта мешавад, ки “зимни баррасии масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби чиниро ба интишори матолибе дар расонаҳои чинӣ ҷалб кард, ки мавзӯи марбут ба марзи давлатии ду кишварро ба гунаи ғаразнок бозтоб намудаанд”.

Ин дар ҳолест, ки пойгоҳҳои хабарии чинӣ муддати охир мақолаеро бо номи "Тоҷикистон бо хоҳиши худ ҳудуди Чинро баргардонд ва суфакӯҳи гумшудаи Помир ба соҳибаш баргашт" нашр мекунад, ки дар он дар мавзӯи заминҳои ба Чин додаи Тоҷикистон хабар дода мешавад. Дар ин матлаб бо такя ба маъхазҳои таърихии Чин ва бе нигоҳе ба сарчашмаҳои таърихии дигар, аз ҷумла муаррихори тоҷик, муаллиф Чу Йао Лу гуфтааст:

"Дар охирҳои ҳукмронии сулолаи Синҳо (1644-1912) бо фишори Ғарб чанде аз ҳудудҳои таърихии Чин пароканда шуданд ва давлат рукуд кард. Баъди асос гузоштан ба давлати навини Чин (1911) баргардонидани заминҳои аздастрафта дар садди аввали ҳукуматдорон буд. Чанде аз ин ҳудудҳо баргардонида шуданд, вале чанде дигар ҳамоно дар ихтиёри ҳамсоякишварҳост. Яке аз ин минтақаҳои хеле қадимӣ Помир ном дорад, ки бо фишори қудратҳои ҷаҳонӣ тӯли 128 сол аз ҷуғрофиёи Чин берун афтода буд".

Инҷо манзури нигоранда аз "қудратҳои ҷаҳонӣ" Русия ва Бритониёи Кабир аст. Вале ба андешаи муаллиф бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фурсати муносибе расид ва гӯё дасти қудрати Чин дарозтар намуд: "Дар оғози Тоҷикистони навин, ки дар шароити сахти иқтисодӣ қарор дошт, Чин хеле кӯмакҳои "софдилона" намуд. Ҳамин кӯмакҳо боис шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ташаббуси баргардонидани "заминҳои аздастрафта" -ро намуд. Билохира соли 2010 ин гуфтугӯ байни ду кишвар ниҳоӣ шуд ва Чин дубора ба 1158 километри мураббаъ ё квадратии ҳудуди аздастрафтаи худро соҳиб гардид.

Соли 2011 ин минтақаи Помир ба ватани аслии худ, ки 128 сол аз он ҷудо гардида буд, расман пайваст шуд". Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, 1100 (на 1158) километри квадратӣ дар натиҷаи "ғалабаи дипломатӣ" (ибораи вазири собиқи умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ) ба Чин дода шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар хабари рӯзи 23-юми июлаш мушшахасан ба ин матлаб вокуниш накарда ваё онро мавриди суол қарор надодааст. Танҳо ишора кардааст, ки «бо дарназардошти муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар, таъкид гардид, ки ҷонибҳо бояд ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиби ғаразнок дар расонаҳо тадбирҳои лозим андешанд».

Тасмими мақомоти тоҷик барои ба Чин додани бахше аз қаламравҳо мавриди интиқоди зиёд дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Зеленский гуфт, Аврупо бояд дар муқобили Русия Украинаро ҳамаҷониба пуштибонӣ кунад

Президент Владимир Зеленский гуфт, ки Ғарб ва бахусус Аврупо бояд бештар муттаҳид шуда пуштибонии Украинаро дар муқобили ҷанги беасоси Русия афзоиш диҳанд. Зеленский, ки рӯзи 25-уми май дар як ҷаласаи Форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос (дар кишвари Швейсария) суханронӣ мекард, гуфт, ки аз кӯмакҳои моливу низомие, ки ба Украина барои муқовимат ба Русия фароҳам мешавад, сипосгузор аст, вале шикоф дар ваҳдати Аврупо талошҳо дар ҷангро маҳдуд мекунад. Зеленский инчунин гуфт, ки Киев ҳеҷ як порчаи заминашро ба Русия додан намехоҳад. Ӯ гуфт: “Ваҳдат ба силоҳ марбут аст. Ман пурсиданӣ ҳастам, ки ваҳдат дар амал ҳамин аст? Ман онро намебинам. Замоне, ки мо воқеан ҳам муттаҳид мешавем, он гоҳ мо аз Русия пеш мегузарем”.

Зеленский ба таври алоҳида аз кӯмакҳои ИМА ташаккур карду ба Венгрия ишора намуд, чун ин кишвари ҳамсояи Украина мухолифи ҳама гуна эмбаргои содироти нафти Русия ва ҳам фишори бештар ба Маскав мебошад.

Орбан дар робита бо ҷанги Украина дар Венгрия ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард

Виктор Орбан

Нахуствазири Венгрия Виктор Орбан дар кишвараш ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард ва гуфт, ки ҷанг дар Украина “ба амнияти мо таҳдид мекунад”. Орбан дар як паёми видеоиаш тавассути Фейсбук рӯзи 24-уми май гуфт, ки чанг се моҳ пеш шурӯъ шуд ва то ҳол касе намедонад, ки он кай охир мешавад. Ӯ гуфт, ҷанг дар Украина “ба маънои хатари доимӣ ба Венгрия” мебошад. Ӯ гуфт, ки ҷангу таҳримҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷоришуда боиси эҷоди мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва афзоиши нархҳо шудааст. Ӯ гуфт, дар чунин шароит Венгрия “бояд аз ҷанг дар канор бошад ва амнияти моддии оилаҳоро таъмин кунад”.

Мунаққидон қарори ҷорӣ кардани ҳолати изтирориро чун поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон интиқод карданд.

Бритониё ба Абрамович муҷаввизи фурӯши "Челси"-ро дод

Роман Абрамович

Ҳукумати Бритониё ба олигархи рус Роман Абарамович муҷаввизи фурӯши клуби футболи “Челси”-ро дар ҳаҷми 5,33 миллиард доллар дод ва ин бошгоҳ аз ҷониби як гурӯҳи сармоягузори амрикоӣ харидорӣ мешавад. Надин Доррис, вазири варзиши Бритониё дар изҳороти 24-уми маяш дар Твиттер гуфт, ки ҳукумат “қонеъ шуд, ки пулҳои аз фурӯш бадастомада ба манфиати Роман Абрамович ё дигар нафарони таҳти таҳрим сарф намешавад”. Ӯ гуфт, ки бо назардошти “ҳуҷуми пурхушунати Путин ба Украина, дурнамои клуб танҳо дар зери назари соҳибмулки нав таъмин хоҳад шуд”.

Абрамович давоми 19 сол молики клуби “Челси” буд ва чанд ҳафта баъди ҳуҷуми беасоси Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати олигархҳои атрофи президент Владимир Путин, ӯ ҳам мавриди таҳрими ғарб қарор гирифт.

Клуби “Челси” бар асоси муҷаввизи давлатӣ ба консорсиуми марбут ба соҳибкори амрикоӣ Тодд Боли фурӯхта мешавад ва пулаш ба корҳои хайрия равона хоҳад шуд.

Додгоҳи Алмато 4 гумонбарро ба ҳодисаҳои январ зиндонӣ кард

Алмато, моҳи январи 2022

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 24-уми май иттилоъ дод, ки чаҳор гумонбар ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон 6-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Ҳукми ин афрод, ки бар асоси банди "Ғоратгарӣ" гунаҳкор эълом шудаанд, ҳафтаи гузашта содир гаштааст. Ҷузъиёти дигари парванда ошкор карда намешавад.

Хадамоти матбуотии додгоҳи Алмато афзуда, ки аз 16 то 20 майи имсол 11 ҳукм содир шудааст. Бар асоси ин ҳукмҳо, озодии 17 нафар маҳрум ва 15 тани дигарро ба ғоратгарӣ айбдор донистаанд.

Додгоҳи Алмато то 23 май ҷамъан 186 парвандаро, ки дар доираи онҳо 287 кас дар курсии айбдорӣ менишаст, баррасӣ карда, 24 гумонбар бар асоси айбҳои гуногун, аз ҷумла, "ғоратгарӣ" ва "дуздӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳу лавозимоти ҷангӣ" аз озодӣ маҳрум намудааст.

Игор Додон, президенти собиқи Молдова, ба фасод муттаҳам аст

Игор Додон

Додситонии кулли Молдова рӯзи 24-уми май гуфт, президенти собиқи ин кишвар Игор Додон бо иттиҳоми марбут ба фасод боздошт шудааст.

Елена Казаков, додситони зидди коррупсия, дар изҳороте гуфт, қарори боздошти Додон баъди он содир шуд, ки муфаттишон дар пайи кофтукови хона, дафтари корӣ ва мошинҳои Додон чизу чораи бисёр гарон, асъори хориҷӣ ва дигар санадҳоро ошкор ва мусодира карданд.

Казаков гуфт, дар доираи ин парванда ҳам Додон ва ҳам шахсони дигари миёнараву ҳамкораш мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, пулҳои мусодирашуда даҳҳо миллион лей ё садҳо ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.

Санадҳои мусодирашудаи интиқолҳои пулӣ дар робита ба хариди хонаҳо 700 ҳазор долларро ташкил медиҳанд. Казаков гуфт, ду нафар ҳангоми талоши нобуд кардани далелҳо боздошт шуданд.

Худи Додон гуфтааст, гуноҳе надорад ва президенти амалкунандаи ғарбгаро Мая Сандуро гунаҳкор кард, ки гуё бо ин кораш мехоҳад таваҷҷӯҳи ҷомеаро аз мушкилоти иқтисодии кишвар ба сӯи дигар кашад.

Ӯ гуфт, омода аст, ба ҳама суолҳои тафтишот посух диҳад ва парвандаро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид.

Тамаркузи ҷангҳои Русия дар шарқи Украина

Сӯхтор дар як корхонаи минтақаи Донбасс. 24-уми май, рӯзи 90-уми ҷанги Русия алайҳи Украина

Русия ба ирсоли нирӯву муҳимоти ҷангӣ ба асосан ду шаҳри шарқии Украинаро идома медиҳад, дар ҳоле, ки Киев мегӯяд, бо набарди ҳалкунандаи тақдири ояндаи ин кишвар рӯбарӯ шудааст. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки вазъ дар Донбасс “фавқулодда сангин” аст. Дар паёми шабонгоҳии 25-уми маяш Зеленский гуфт, ки “тамоми нирӯи артиши Русия, ки дар ихтиёраш боқӣ мемонад, ба ин ҳамла равона шудааст”.

Нирӯҳои Русия аз се самт ҳуҷум карда талош доранд шаҳрҳои Северодонетск ва Лисичанскро, ки дар соҳилҳои ғарбии дарёи Северский Донетс ҷойгир аст, ишғол кунанд. Серҳий Ҳайдай, волии Луҳанск рӯзи 25 май гуфт, ки дирӯз дар тирборонҳои Северодентск шаш нафар кушта шуд. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хадамоти иттилооти Бритониё, масдуд кардани шаҳри соҳилии Одесса боиси камбуди содироти гандум шуд ва ҷуброни интиқоли он аз роҳи заминӣ имконнопазир аст.

Дар як ноҳияи Қирғизистон беш аз 3,5 ҳазор шиноснома гум шудааст

Дар Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон 2101 шиноснома ва 1667 ID-корте, ки бояд нобуд карда мешуданд, гум шудааст. Дар ин бора вазири рушди рақамии Қирғизистон Талант Имонов дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа мутахассиси шуъбаи байниминтақавӣ аз вазифа озод ва дастгир гашта, сардори Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Аравон низ аз вазифа озод ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Чандин корманди департаменти мазкур танбеҳ гирифтаанд.

"Ин қазия таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури Қирғизистон қарор дорад. Дар оянда низ шуморо аз натиҷаи мубориза бо "мафияи шиноснома" огаҳ хоҳем кард", - илова кардааст ӯ.

Вазири рушди рақамии Қирғизистон пештар гуфта буд, шаҳрвандеро дастгир карданд, ки мехост ба Туркия беш аз 100 шиносномаи қирғизиро интиқол диҳад.

Узбекистон содироти газ ба Чинро дубора оғоз кардааст

Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон содироти газро ба Чин, ки аввали соли равон ба хотири қонеъ кардани талаботи дохилӣ қатъ карда буд, дубора аз сар гирифтааст. Дар ин бора Eurasianet.org хабар медиҳад.

Ҳукумати Узбекистон дар бораи азсаргирии дубораи содироти газ ба Чин хабар надодааст. Аммо маълумоти Чин нишон медиҳад, Тошканд аз тариқи лӯлаи Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз Туркманистон оғоз шуда, тавассути Узбекистону Қазоқистон мегузарад, дубора газ содир мекунад.

Бино ба омори Раёсати гумруки Чин, Узбекистон дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ ба он кишвар ба маблағи 132,8 миллион доллар газ содир кардааст, хабар медиҳад сомонаи русии Neftegaz.ru. Ҳаҷми гази содиршуда гуфта намешавад.

Туркманистон ба маблағи 2,87 миллиард доллар ва Қазоқистон бар ивази 270,6 миллион доллар ба Чин газ фурӯхтаанд.

"Изҳорот"-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов. Шерзамонов ҷаласа ва 13 ҳазор долларро рад кард

Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов. Акс аз навори мақомот

Журналист ва узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқаш, генерал Холбаш Холбашов, ки ҳарду дар боздоштанд, дар як наворе, ки тавассути мақомот нашру паҳн шуд, ба даст доштани худ дар нооромиҳои Хоруғу Рӯшон таъкид карданд. Дар тазоҳуроти мардум ва амалиёти мақомот дар онҷо, аз 16 то 18-уми май, даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва беш аз сад кас дастгир шуданд. Дар навор ба як кишвари ғарбӣ ҳам ишора шуд, аммо аз ягон давлате ном набурданд.

Ҳарчанд Холбашов гуфт, изҳороти онҳо бидуни ҳеч таҳқиру зӯроварӣ ба даст омадааст, маълум нест, зери чӣ шароите сабт шуда. Видеоро шоми 24-уми май бо рамзи "Телевизиони Тоҷикистон" нашр карданд. Қаблан Улфатхоним Мамадшоева дар суҳбат бо хабарнигорон даст доштани худро дар нооромиҳои Бадахшон рад карда буд.

Муаллифони навор иддао карданд, ки тарҳи нооромиҳои охирро дар Бадахшон 26-уми марти имсол Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ дар Хоруғ ва Алим Шерзамонов маҷозӣ аз Аврупо рехтаанд.

Мамадшоева ва Холбашов дар баёноти видеоии худ гуфтанд, он замон ташкили тазоҳурот дар Хоруғ ба дӯши Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дар Рӯшон бар уҳдаи Холбаш Холбашов гузошта шуд.

Алим Шерзмонов, муовини раиси Паймони миллӣ, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ки дар Аврупо қарор дорад, шоми 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин ҷаласае баргузор нашудааст.

"Касе Мамадбоқирро як ҳафта ё ақаллан се рӯз шинохта бошад, хуб медонад, ки ӯ дар ҳаёташ дар чунин ҷаласае ширкат намекард. Холбаш Холбашов марди ғаюре аст. Ӯро бо чӣ коре маҷбур кардаанд, ки ба худ туҳмат кунад," – афзуд ӯ.

Муаллифони филм мегӯянд, Алим Шерзамонов дар умум барои ташкили бетартибиҳо дар Хоруғу Рӯшон 13 ҳазор доллар фиристодааст. Ба иддаои онҳо, ҳафт ҳазори он ба Хоруғ ва шаш ҳазори дигар ба Рӯшон равона шудааст, аммо нагуфтанд, ки ин миқдор пул чӣ гуна аз хориҷ дарёфту дастрас шудааст.

Шерзамонов мегӯяд, ӯ як паноҳандаи сиёсӣ дар Аврупост ва ин мидқор пул надошту надорад: "Гузашта аз ин, ин миқдор маблағро фиристодан имкон надорад. Дар Аврупо ҳам мепурсанд, ки онро аз куҷо ёфтаам. Ман дар таъминоти давлат ҳастам. Ману Мамадбоқир бародар будем, аммо агар пул ҳам медоштам ва аз номи як ташкилоти ғайрибадахшонӣ мефиристодам, як пайсаашро намегирифт. Яъне як пайсаи Паймони миллиро намегирифт."

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбарони ғайрирасмӣ дар Бадахшон, рӯзи 22-юми май дар шароити мармуз дар Хоруғ кушта шуд. Шахсони наздик ба ӯ мегӯянд, дар ин кор мақомот даст доранд, аммо Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ӯ дар як даргирии дохилӣ бо ҳамсафонаш кушта шудааст.

Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов, ки аз 18-уми май ба ин тараф дар боздошт ҳастанд, дар навори мақомот гуфтанд, “пушаймонанд ва аз мардуми Хоруғу Рӯшон ва Роштқалъа маъзарат мехоҳанд”. Аммо маълум нест, ин ҳарфҳоро кай ва таҳти чӣ шароите гуфтаанд.

Муаллифони навор ҳамзамон Мамадшоеваро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ба гуфтаи мақомот, “шубҳаовари хориҷӣ” ва “пешниҳоди иттилоъ ба намояндагони хадамоти махсуси хориҷӣ” муттаҳам карданд. Онҳо дар ин маврид аз “ду корманди сафорати як кишвари ғарбӣ” ҳам гуфтанд, вале номи касеву кишвареро ошкор накарданд.

Улфатхоним Мамадшоева 65-сола ва ҳомии ҳуқуқу журналисти мустақил аст. Бахши забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва дар телевизиону радиои Бадахшон кор кардааст. Муассиси созмони “Номус ва инсоф”. Аз соли 2003 то 2014 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст. Дар солҳои 90-ум узви “Нерӯҳои худмуҳофизатии Бадахшон” буд.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Сокинони Рӯшон мегӯянд, ҷасади 21 нафарро гирифтанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Ширкати русӣ тобути муҳоҷирони қирғизро бепул мебарад

Оҷонси давлатии авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон ва ширкати русии "Уралские авиалинии" дар мавриди интиқоли ройгон ё бепули тобути қирғизистониҳо созишнома бастанд.

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод, ки созишнома рӯзи 17-уми майи имсол ҳосил шудааст. Ба иттилои сафорат, тобути қирғизистониҳо аз шаҳрҳои Челябинск, Уфа, Нижневартовск, Қазон, Самара, Сочӣ ба шаҳрҳои Ушу Бишкеки Қирғизистон бурда хоҳанд шуд.

Моҳи апрели имсол сафорати Қирғизистон дар Русия ба интиқоли тобути 15 қирғизистонӣ мусоидат кардааст.

Моҳи апрели соли ҷорӣ сафорати Қирғизистон дар Русия дар интиқоли 15 тобути қирғизистониҳо мусоидат кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, ҳамасола бештар аз 300 қирғизистонӣ дар Русия бо сабабҳои гуногун мефавтанд. Интиқоли тобути фавтидаҳо аз Русия ба ватанашон мушкилӣ ба бор меорад.

Ба иттилои расмӣ, 1 миллиону 118 ҳазор қирғизистонӣ дар хориҷ аз ин кишвар муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

Додгоҳи Қазоқистон ҳукми як фаъоли зиндониро сабуктар кард

Ноян Раҳимҷонов

Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 23-юми май дархости фаъоли зиндонӣ Ноян Раҳимҷоновро қонеъ кард. Раҳимҷонов аз додгоҳ хост, муҳлати боқимондаи ҳабси ӯ ба маҳдудияти озодӣ иваз карда шавад.

Дар ин бора вакили мудофеи вай Жанар Балгабоев хабар дод.

"Агар додситонӣ шикоят накунад, Ноян Раҳимҷонов баъди 15 рӯз озод мешавад," -- гуфт Балгабоев.

Ноян Раҳимҷонови 57-сола - яке аз чаҳор фаъоли ҷамъиятӣ аст, ки моҳи октябри соли гузашта бо айби узвият дар ҳаракати сиёсии сабтношудаи "Интихоби демократии Қазоқистон" зиндонӣ шуда буданд.

Ноян Раҳимҷонов бо ҳукми додгоҳ 5 сол зиндонӣ шуда буд. Вай айбҳои эъломшударо дар додгоҳ рад карда буд.

Дар наздикии марзи Қирғизистон бо Узбекистон нақби махфӣ ёфтаанд

Нақбе дар наздикии сарҳади Қирғизистону Узбекистон

Дар деҳаи Телмани ноҳияи Қара-Сууи вилояти Уши Қирғизистон нақб (туннел)-и махфие пайдо карданд, ки Қирғизистонро бо Узбекистон мепайвандад.

Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, нақб дар чуқурии 15 метр ва дар фосилаи 40 метр аз сарҳад ҷойгир аст. Дарозии нақб 270 метрро ташкил медиҳад.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, соҳиби замине, ки нақб дар ҳудуди он пайдо шудааст, айни замон дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ муолиҷа мегирад.

Дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон 15 гузаргоҳ вуҷуд дорад.

Дарозии сарҳади ду кишвар 1378 километр аст, ки 85 дарсади он ва ё 1170 километр муайяну нишонагузорӣ шудааст.

"Путин – шайтон." Эътирози як духтари доғистонӣ ба ҷанги Русия дар Украина

Владимир Путин ҳамла ба Украинаро "амалиёти вижа" барои ғайринизомӣ кардани ин кишвар номидааст

Як духтар дар маъракаи бахшида ба хатми мактаби миёна дар Доғистон мухолифаташро ба таҷовузи Маскав ба Украина баён кард.

Дар наворе, ки 22-юми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, духтар нидои "Нест бод ҷанг; Озодӣ ба Украина ва Путин – шайтон" сар додааст.

Баъзе аз иштирокдорони маросим, аз ҷумла волидону донишомӯзон ва муаллимон ба суханони духтар кафкӯбӣ кардаанд.

Саҳифаҳои наздик ба ҳукумати Доғистон дар Телеграм навиштанд, ҳодиса дар мактаби рақами 11-и шаҳри Изербош иттифоқ уфтод.

Духтару модарашро барои таври оммавӣ бадном кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор кардаанд. Модари духтар, инчунин, ба "тарбияи нодурусти ноболиғ" муттаҳам мешавад.

Дар Вазорати корҳои дохилии Доғистон ҳодисаро шарҳ надоданд. Як манбаъ дар Вазорати маорифи Доғистон гуфтааст, духтар баъди шарт бастан бо яке аз ҳамсинфонаш чунин рафтор кардааст.

Дертар духтару модараш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маъзарат хостанд. Духтар гуфт, мехост, ба ин роҳ таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб кунад. Модараш гуфт, аз сиёсатҳои президенти Русия ва "амалиёти махсуси низомӣ" дар Украина пуштибонӣ мекунад.

Маълум нест, изҳороти онҳо дар чӣ шароит сабт шудааст.

Президенти пешини Молдова Игор Додон дастгир шуд

Игор Додон. Акс аз соли 2021

Игор Додон, президенти пешини Молдова, дар доираи парвандаи хиёнат ба давлат барои 72 соат боздошт шуд. Дар ин бора сухангӯи Додситонии кулли Молдова Марианна Кёрпек хабар дод.

Додситонии зиддифасоди Молдова ва Хадамоти иттилооту амнияти он кишвар рӯзи 24-уми май дар манзили Додон ва 11 иншооти дигар, бо гумони фасодкорӣ, сарватандузии ғайриқонунӣ ва хиёнат ба давлат кофтукоб гузарониданд.

Додситонии кулли Молдова рӯзи 18-уми май нисбати Додон парванда кушода буд. Ӯро ба гирифтани "пора" аз олигархи молдавӣ Владимир Плахотнюк гумонбар мекунанд.

Як наворе, ки соли 2019 сабт шудааст, сабаби боз шудани парванда гардид. Дар навор дида мешавад, чӣ гуна Плахотнюк талош дорад, ба Додони он замон президент як бастаи сиёҳро бидиҳад. Додон бастаро нагирифта, амр кард, ки он ба "Коста" дода шавад.

Дар навор ҳамчунин дида мешавад, ки Додон ва Плахотнюк дар бораи таъсиси ҷиноҳи порлумонӣ суҳбат мекунанд. Додон дар он суҳбат гуфтааст, "доим ба Путин нома менависад".

Баъди нашри ин навор тафтиш шуруъ шуд. Додон ҳамаи айбҳоро рад мекунад.

Нисбати Плахотнюк дар Молдова парвандаи ҷиноие дар робита ба қаллобии молӣ тафтиш мешавад. Дар Русия низ нисбати Плахотнюк чанд парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Маскав Плахотнюкро дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ додааст.

Додон сиёсатмадори русиягаро шинохта мешавад, ки дар давраи президентиаш борҳо ба Маскав сафар карда, дар Рӯзи ғалаба низ дар Майдони Сурх ширкат дошт.

Ҳайати Департаменти ИМА дар сафар ба Осиёи Марказӣ робитаҳоро тақвият медиҳад

Ҷеенбек Қулибоев ва Доналд Лу

Департаменти давлатии Амрико хабар дод, ки ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Доналд Лу ҳайати амрикоиро дар сафар ба Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон дар рӯзҳои 23-27-уми май роҳбарӣ мекунад.

Дар ин ҳайат мудири Шӯрои миллии амният дар умури Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиаи Амрико дар масоили Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Симмерман, муовини ёвари раёсати Бюро дар умури Осиёи Оҷонси ИМА оид ба рушди байналхалқӣ Анҷалӣ Каур ва дигар шахсони расмӣ шомил ҳастанд.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Қулибоев Доналд Луро ба ҳузур пазируфт. Ду ҷониб ҳамкориҳои Қирғизистонро бо ИМА баррасӣ карданд.

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина ва эъломи таҳримҳо нисбати Русия ниҳодҳои молии байнулмилалӣ пешбинӣ карданд, ки рушди иқтисодии Қирғизистон суст ва болоравии нархи маҳсулот дар ин кишвар мушоҳида хоҳад шуд.

Девони вазирони Қирғизистон эътироф кард, ки "таҳримҳои эълоншуда нисбати Русия ба иқтисоди Қирғизистон таъсири манфӣ расонидаанд".

Ҳайати амрикоӣ аз Қирғизистон ба Узбекистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Моҳи чоруми ҷанг дар Украина. Афзоиши ҳамлаи Русия дар Луҳанск

Луҳанск, моҳи майи 2022

Рӯзи 24-уми май, дар моҳи чаҳоруми ҳамлаи Русия ба хоки Украина, нерӯҳои русӣ ҳамларо ба вилояти Луҳанск бештар карданд.

Ба назар мерасад, Русия мехоҳад, назорати минтақаи Донбасс ва соҳили ҷанубии Украинаро зери назорат бигирад.

Президенти Украина Владимир Зеленский 23-юми май дар паёме ба иштирокдорони Форуми ҷаҳонии Давос гуфт, дар се моҳи ҷанг Русия ба қаламрави Украина беш аз 1500 мушак сар дода, ҳавопаймоҳои Русия беш аз 3 000 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.

Хадамоти иктишофии Бритониё дар гузорише навишт, Русия мехоҳад, шаҳри Северо-Донетски вилояти Луҳанск ва минтақаҳои Лисичанску Рубижнии канори онро муҳосира кунад.

Ситоди марказии нерӯҳои Украина иброз доштааст, ки муқовимати нерӯҳои ин кишвар ба пешрафти Русия монеъ шудааст.

Марги се зодаи Тоҷикистон дар сӯхторе дар Маскав

Акс аз бойгонӣ

Сӯхтор дар шаҳри Истраи вилояти Маскав боис ба марги се узви як оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шудааст. Ҳодиса ҳафтаи гузашта рӯй дод.

Пайвандони фавтидагон рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, хонаи дуошёна оташ гирифтааст.

Дар натиҷаи он марди 38-сола бо ҳамсар ва духтари ҳафтсолааш ба ҳалокат расидаанд. Ҳанӯз маълум нест, сабаби сӯхтор чист. Мақомоти тафтишотӣ қазияро таҳқиқ доранд.

Ҷасади онҳоро ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳашон, шаҳри Панҷакент, дафн кардаанд.

Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд. Ба ҳисоби миёна соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.

Дипломати рус дар Созмони Милал гуфт, аз "шарм" истеъфо дод

Борис Бондарев

Як дипломати Намояндагии доимии Русия дар дафтари Созмони Милал дар Женева гуфт, ба нишони эътироз ба ҷанги "беҳуда"-и Русия алайҳи Украина аз мансабаш истеъфо дод.

Борис Бондарев рӯзи 23-юми май дар изҳороте дар LinkedIn навишт, аз замони ҳамла ба Украина, аз Русия шармаш омад.

"Ҷанги таҷовузкоронае, ки Владимир Путин ба зидди Украина, аммо дар асл ба зидди тамоми ҷаҳони Ғарб оғоз кард, на танҳо ҷиноят алайҳи мардуми Украина, балки эҳтимол ҷинояти сангинтарин ба зидди мардуми Русия аст," – навишт ӯ дар LinkedIn.

Бондарев изҳороташро дар суҳбат бо хабаргузориҳои "Рейтерз" ва "Ассошиэйтед Пресс" ҳам тасдиқ кард.

Вай гуфтааст, "бист сол боз дипломат ҳастам. Вазорат хонаву оилаи ман шуда буд, аммо дигар наметавонам дар ин расвоии хунолуд, беақлона ва комилан беҳуда шарик бошам."

Кремл рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард ва онро "амалиёт" барои ғайринизомӣ кардани ҳамсояаш номид. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз ба хоки Украина донистанд ва алайҳи Русия таҳримҳои зиёде ҷорӣ карданд.

Бо вуҷуди иддаои Маскав, ки ғайринизомиёнро намекушанд, то кунун ҳазорҳо мардуми одӣ дар Украина кушта шудаанд.

"Роҳи душвори сулҳ. Гуфтугӯ бо сулҳофарон". Китоби Радиои Озодӣ

Дар Тоҷикистон 25-солагии имзои Созишномаи сулҳро ҷашн мегиранд. Санаде, ки ба ҷанги дохилии солҳои 1992-97 поён гузошт.

Ёдоварии он барои сокинони Тоҷикистон бо нигоҳ ба дунёи имрӯзаи пур аз ҷангу хушунат пурарзиш хоҳад буд. Биноан, Радиои Озодӣ дар арафаи ҷашн китоберо бо номи “Роҳи душвори сулҳ” ба нашр расонд.

Ин китоб нишон медиҳад, ки сулҳи Тоҷикистон бо чӣ сахтиҳое ба даст омадааст. Бисёре аз ин мавод бори аввал нашр мешаванд ва дорои арзиши бузурги таърихиянд.

Дар ин китоб бори аввал матни пурраи мусоҳибаҳои Эмомалӣ Раҳмон, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Бурҳонуддин Раббонӣ, Гердт Дитрих Меррем, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Абдулмаҷид Достиев, Ливиу Бота, Иброҳим Усмонов, Анатолий Адамишин, Маҳмуди Шабистарӣ, Владимир Горяев, Рамазон Мирзоев ва дигарон нашр шудаанд.

Радиои Озодӣ дар эҷоди сулҳи Тоҷикистон, ки ба ҷанги хонагии солҳои 1992-97 поён гузошт, нақши муҳим ва созанда доштааст. Нахустин гуфтушуниди тарафҳо соли 1994 рӯйи амвоҷи ин расона ба амал омада, бо оғози музокирот таҳти раҳбарии Созмони Милали Муттаҳид бозтоби мавзеъгирии онҳо, иҷрои созишҳо ва эҷоди сулҳу тафоҳум аз рисолати асосии он дар мусоидат ба сулҳ ва нигориши таърихи он будаанд.

Агар мехоҳед, ин китобро ба даст оред, ба канали мо дар

Ютюб

Телеграм

Инстаграм

Тик-Ток

Фейсбук

обуна шавед ва дархости гирифтани китобро дар шарҳи худ дар онҷо нависед. Нусхаи электронии китоб аз он ҷо бароятон фиристода мешавад.

Дар Тошканд барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима ҷорӣ карданд

Акс аз бойгонӣ

Дар Узбекистон мавридҳои ҷаримабандии шаҳрвандон барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ афзудааст.

Дар бораи се ҳолати ҷаримабандӣ корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Узбекистон хабар доданд. Корбарон менависанд, ки як нафарро ҳатто барои кашидани сигори электронӣ ҷарима бастаанд.

Дар Узбекистон барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар соли 2015 ҷарима таъйин шуда буд, аммо амалан касеро ҷарима намебастанд.

Бандари тиҷоратии миёни Тоҷикистону Афғонистон боз шуд

Гузаргоҳи Панҷи Поён ва Шерхон Бандар, ки Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳам мепайванданд, боз шудааст. Ин бандари муҳими тиҷоратӣ 13 рӯз пеш баста шуда буд.

Як масъули Идораи гумруки Хатлон рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта рафтуомад тавассути гузаргоҳ оғоз шуд. Ба гуфтаи вай, мошинҳо аз тарафи Тоҷикистон ба тарафи Афғонистон ангишт ва семент бурданд.

Як ронандаи афғонистонӣ ҳам дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки рӯзи гузашта рафтуомад тариқи ин гузаргоҳ оғоз шуд ва ронандагони тоҷику афғон тавассути пули "Дӯстӣ" ба боркашонӣ оғоз карданд.

Масъулони Идораи гумруки Афғонистон дар Шерхон-Бандар ҳам рӯзи 23-юми май ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки гузаргоҳи марзии мазкур барои рафтуомади тоҷирону амволи онҳо боз шуд.

Калимулло Муҷоҳид, раиси гумруки Шерхон-Бандар, гуфт, пас аз ин тоҷирон ва ронандагони Тоҷикистон метавонанд бо дарёфти визаи Афғонистон дар қаламрави ин кишвар рафтуомад кунанд.

Ӯ афзуд, "гузаргоҳ ба он хотир баста шуда буд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳашт моҳ боз ҳатто ба афғонҳое, ки виза доштанд, иҷозаи дохил шудан намедод. Дар ҳоле ки аз тарафи Тоҷикистон мошинҳо ва афрод иҷоза доштанд, ба дохили Афғонистон биоянд."

Вай илова кард, ҳоло Тоҷикистон ваъда додааст, ки равиши ҳамсон хоҳад дошт. Масъулони гумруки Хатлон то ба ҳол ба ин гуфтаҳои ин раиси гузаргоҳи Шерхон Бандар вокуниш накардаанд.

Ҳангоми баста будани марз, даҳҳо ронандаи тоҷик бо мошинҳои худ дар қаламрави Афғонистон банд монда буданд.

Панҷи Поён ва Шерхон Бандар яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар ба шумор меравад ва рӯзона даҳҳо мошини борбар аз он убур мекунанд.

Русия аз аъзои ЕАЭС хост, содироти ғалларо маҳдуд кунанд

Акс аз бойгонӣ.

Русия 20-уми май дар ҷаласаи Кумисюни иқтисодии АвруОсиё исрор кардааст, ки аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) барои содироти ғалла ба кишварҳои севум квота ва боҷи гумрукӣ ҷорӣ кунанд.

Бино ба навиштаи нашрияи русии "Коммерсант", Қазоқистон зидди ин пешниҳод баромада, майли худро барои афзоиши содирот ба хориҷ баён доштааст.

Нашрия менависад, Русия аз харид ва фурӯши дубораи гандумҳои худ ба кишварҳои севум дар ҳарос аст ва бинобар ин аз аъзои ЕАЭС талаб дорад, ки ба содироти гандум маҳдудият ҷорӣ кунанд.

Ба иттилои манбаъ, Русия баҳори имсол ва дар пасманзари афзоиши харидории гандумҳои Сибир аз сӯи Қазоқистон содироти ғаларо ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муваққатан манъ кард ва ин норозигии Қазоқистонро ба бор овард. Қазоқистон низ ба содироти орду гандум квота ҷорӣ намуд.

Дар Узбекистон бунёди хайрияеро бастанд, ки барои ниёзмандон хона месохт

Додгоҳи вилояти Намангони Узбекистон рӯзи 20-уми май фаъолияти Бунёди хайриявии "Саховат"-ро дар он вилоят манъ кард.

Дар қарори додгоҳ омада, ки бунёд аз маводи мазҳабӣ барои таблиғи худ "сӯистифода" карда, пулҳои хайрияро ба суратҳисобаш нагузаронидааст.

Ҳамчунин масъулони созмон гуё бидуни дарёфти санадҳои зарурӣ сохтмони маҷмааи зист барои хонаводаҳои ниёзмандро оғоз кардаанд.

Ба иттилои манобеи Бахши узбекии Радиои Озодӣ, додгоҳ аз Вазорати адлияи Узбекистон хостааст, амволи бунёдро ба фоидаи давлат мусодира кунад.

Як манбаъ, ки дар мурофиаҳои додгоҳии бунёд иштирок дошт, гуфт, бунёд ба "сӯистифода" аз ҳадисҳо дар таблиғоти худ айбдор шудааст.

Бунёди хайриявии "Саховат" ду сол пеш дар вилояти Намангони Узбекистон таъсис ёфта буд.

Дар як рӯз беш аз 167 ҳазор сокини Кореяи Шимолӣ ба коронавирус мубтало шудааст

Мақомоти Кореяи Шимолӣ эълом карданд, ки дар як шабонарӯзи ахир дар он кишвар 167 650 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё "COVID-19" ошкор шудааст.

Дар ин бора Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Кореяи Шимолӣ иттилоъ додааст. Ба огаҳии идора, дар шабонарӯзи гузашта танҳо як нафар бар асари коронавирус ҷон бохтааст.

Ин беморӣ дар Кореяи Шимолӣ расман "табларза" номида мешавад. Бино ба омори идораи мазкур, аз охирҳои моҳи апрели соли равон то ҳол дар он кишвар 2,8 миллион одам ба вируси нав гирифтор шуда, 68 кас ҷон бохтааст.

Мақомоти Кореяи Шимолӣ ибтидои моҳи майи соли равон бори нахуст эътироф карданд, ки гирифторӣ ба коронавирус дар он кишвар ошкор карда шудааст.

Сангалӣ Камолов куҷост? Пайвандонаш мегӯянд, корманди ОМОН дар роҳ ба Рӯшон "гум шуд"

Сангалӣ Камолов. Аксро наздиконаш фиристоданд

Наздикони як корманди ОМОН, дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ӯро ҷустуҷӯ доранд.

Онҳо мегӯянд, Сангалӣ Камолов рӯзи 20-уми майи имсол бо баъзе аз ҳамкоронаш ба самти ноҳияи Рӯшони ВМКБ рафт, "аммо дар роҳ бедарак шуд".

Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ шаби 21-уми май ба дарё ғарқ шуд, вале онҳо бовар надоранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то кунун дар бораи нопадид ё ғарқ шудани кормандони ОМОН ба таври расмӣ иттилоъ надодааст.

Ба нақли пайвандони Сангалӣ Камолов, бо ӯ як нафари дигар низ ғарқ шудааст, вале маълум нест дар дохили мошин дар умум чанд афсари ОМОН буданд ва сарнавишти дигарон чӣ шуда.

Як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми май иддао кард, ки "7 корманди нерӯҳои таъиноти махсуси ВКД дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд".

Шӯҳрат Камолов, бародари Сангалӣ Камолов, рӯзи 23-юми май дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хабари ғарқ шуданаш чандон бовар надоранд.

"Муовини вазир даъват кард ва хабар дод, ки Сангалӣ бо мошин ба дарё ғарқ шудааст. Изҳори ҳамдардӣ кард. Борҳо ба вазорат занг зада, хоҳиш кардем, ки аз ҷараёни ҷустуҷуи ӯ огоҳ шавем, вале посух надоданд," – гуфт ӯ.

Ба нақли бародараш, Сангалӣ Камолов як сол пеш ба ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ворид шуда, ҳамчун ронанда кор мекард.

Вазъ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 17-уми май ва баъди он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд.

Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти "зиддитеррористӣ" мегузаронанд ва норозиёнро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номиданд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд.

Мардум мегӯянд, ҳеч аслиҳае надоштанд ва танҳо ба пуштибонии ҳуқуқи худу пешгирӣ аз даргирии бештар дар Хоруғ роҳро баста буданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ноҳияи Рӯшон 9 кас, аз ҷумла 1 сарбоз кушта ва 24 кас, аз ҷумла 13 сарбоз захмӣ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, 21 ҷасад гирифтанд. Баъзе аз пойгоҳҳо дар бораи 25 кушта гузориш доданд.

Дар баёнияи Созмони Милали Муттаҳид омадааст, манобеи муътамад теъдоди кушташудагонро бештар аз 40 нафар гуфтаанд. Беш аз сад нафар дастгир шуданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG