Президенти ИМА Доналд Трамп баргузории анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Флоридаро бо сабаби то чор миллион нафар расидани шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар ин кишвар бекор кард. Рӯзи 23 июл Трамп эълон кард, ки ҳоло барои баргузории як “анҷумани бузургу серҷамъият” дар Ҷексонвилли Флорида фурсати дуруст нест. Трамп гуфт, ки анҷуман “ба як шакле онлайнӣ” баргузор хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки бархе вакилон рӯзи 24 июл барои баргузории як ҷаласаи кӯтоҳмуддат дар Каролинаи Шимолӣ ҷамъ мешаванд. Рӯзи 23 июл ҳам шумори марги сокинон бар асари COVID-19 дар ИМА аз 1000 нафар гузашт. Дар саросари ҷаҳон то имрӯз олудагии 15,4 миллион нафар ба коронавирус тасдиқ шуда 631 ҳазор нафар ҷон додаанд. Дар Амрикони Лотинӣ шумори умумии олудашудаҳо ба коронавирус аз 4 миллион нафар ва дар Аврупо - аз 3 миллион нафар гузашт.