Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 27 июл дар шарқи Украина режими оташбас амал мекунад


8 июл президенти Украина Владимир Зеленский бо як сафари корӣ аз Луҳанск дидан кард. Ин сафар ба паёмадҳои сӯзӯхтори азиме раб дошт
8 июл президенти Украина Владимир Зеленский бо як сафари корӣ аз Луҳанск дидан кард. Ин сафар ба паёмадҳои сӯзӯхтори азиме раб дошт

Ҳайати музокиракунандагон аз Украина, Русия ва САҲА ба мувофиқа расиданд, ки шурӯъ аз 27 июл дар шарқи Украина оташбас риоя мешавад. Дафтари президенти Украина рӯзи 22 июл гуфт, ки риояи режими оташбас аз ҷониби ҳама тараф пешшарти муҳими иҷрои созишномаи Минск мебошад. Президент Владимир Зеленский соли гузашта вақте сари қудрат омад, ваъда дод, ки дар минтақаҳои шарқии кишвар – Донетск ва Луҳанск низоъҳо хотима меёбад. Созиши сулҳи миёни ҷонибҳо ҳанӯз соли 2015 дар шаҳри Минск имзо шуда, Олмону Фаронса ба ҳайси миёнҷии байни Украинаву Русия баромад кардаанд. Раҳбарони чаҳор кишвар декабри соли 2019 дар ҷаласае дар Париж барои баррасии ҷараёни сулҳ мулоқоте барпо намуданд ва баъди он миёни ҳукумат ва ҷудоиталабони украинӣ табодули зиндониҳо сурат гирифт. Вале ҳанӯз ҳам чанд масъалаи мисли зарбулаҷали интихоботи маҳаллӣ, назорати марзҳо дар минтақаҳои ҷудоиталабон, хуруҷи воҳидҳову таҷҳизоти Русия ва халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳалношуда боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG