Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии ИМА ба Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар муқобила бо COVID-19


Акси ёриҳо аз вебсайти https://tj.usembassy.gov
Акси ёриҳо аз вебсайти https://tj.usembassy.gov

Дар маросиме дар Душанбе намояндагони ИМА ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 ҳазор доллар васоили ҳифозати шахсӣ тақдим карданд. Ба навиштаи сафорати ИМА дар Душанбе, рӯзи 22 июл дар чаҳорчӯби мубориза бо пандемияи COVID-19, ба кормандони соҳаи ҳолатҳои изтирорӣ “50 либоси муҳофизатӣ, 100 ниқоби нафаскашӣ, 100 маҷмӯаи айнак, се тонна хокаи хлор, 10 дорупошаки сайёр ва дигар маводи безараргардонӣ” тақдим шуд.

Дар хабар омадааст, ки ин кӯмакҳоро Гурӯҳи ҳарбӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ тақдим кардааст. Дар изҳороти сафорат аз қавли раҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм омадааст, ки “ин кӯмак ба коргарони сафи пеш дар амри ҳимояти худ ва аҳолӣ аз олудашвӣ ва COVID-19 мусоидат мекунад ва ин як намунаи он аст, ки чӣ тавр мардуми Амрико ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди таҳдиди ҷаҳонӣ ҳамроҳ кор мекунанд”.

То имрӯз ҳукумат ва мардуми Амрико ба Тоҷикистон дар самти дастгирии мубориза бо COVID-19 беш аз 5 миллион доллар кӯмак пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG