Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси БМ: "Дар даврони пандемия низоми бонкӣ ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ шуд"


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар пайи авҷи пандемияи каронавирус беш аз сад маркази хизматрасонии бонкӣ дар кишвар баста шуда, ҳудуди 2800 кормандони он ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 22-июл ба хабарнигорон гуфт, дар моҳҳои апрел то июн низоми бонкдории кишвар ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид ва ҳудуди чор ҳазор нафар бо сабаби корношоямӣ ва гурӯҳе ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

"Новобаста аз ин, дар ин давра дар Тоҷикистон 29 маркази хизматрасонии бонкии нав таъсис дода шуд. Ҳарчанд бар асари паҳншавии пандемияи коронавирус даромади ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи беш аз 52 млн сомонӣ кам шуда бошад ҳам, дар умум онҳо нимсоларо бо фоидаи 151 млн сомонӣ ҷамъбаст карданд",-афзуд ӯ.

Аввали моҳи июни соли ҷорӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани таъсири паҳншавии бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва соҳибкорон сабукӣ дод. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон муваззаф шуд, ки барои пешгирӣ аз ҳолатҳои ғайричашмдошт ба бонкҳо қарзи фавқулодда пешниҳод кунад.

Ҳукумат дастур дода буд, ки бонку ташкилотҳои қарзӣ дар доираи имкониятҳои худ афродеро, ки аз якуми май то якуми октябр қарзи худро саривақт пардохт карда наметавонанд, ҷарима накунад.

Дар ҳамин ҳол, раиси Бонки миллӣ гуфт, то охири моҳи июн бонкҳои кишвар ба беш аз сад ҳазор муштариён ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод намуданд.

XS
SM
MD
LG