Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин гуфт, ИМА консулгарии воқеъ дар Ҳюстонро мебандад


Чин гуфт, ки ИМА ногаҳон, бидуни огаҳӣ хабар дод, ки консулгарии ин кишвар дар шаҳри Ҳюстони Техасро мебандад. Ин қарор мавриди интиқоди Пекин шуд, ки мегӯяд, тасмими Амрико бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ буда таҳдид кард, ки посух хоҳад дод. Ванг Венбин, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар нишасти хабарии ҳафтаинааш рӯзи 22 июл гуфт, ки рӯзи гузашта Чин огоҳонида шуд, ки бояд дар давоми 72 соат консулгарӣ баста шавад. Ин хабрро сухангӯи департаменти давлатии ИМА тасдиқ кард ва гуфт, ки ин қарор “ба хотири ҳимоят аз моликияти зеҳниву иттилои хусусии амрикоиҳо қабул шудааст”.

Ванг гуфт, “Чин аз ИМА тақозо мекунад, ки билофосила қарори иштибоҳиашро бекор кунад, вагарна Чин ҳатман вокуниши муносиб ва зарурӣ нишон хоҳад дод”. Ванг гуфт, ки кори консулгарӣ ба таври маъмулӣ пеш меравад, дар ҳоле, ки матбуоти Ҳюстон хабар дод, ки дар ҳавлии консулгарӣ шабонгоҳ коғазу санадҳое оташ зада шуд.

XS
SM
MD
LG