Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз "рӯзҳои сахт" ва зарурати пӯшидани ниқоби тиббӣ сӯҳбат кард


Президенти ИМА Доналд Трамп дар як изҳороти нодираш гуфт, ки пӯшидани ниқоби тиббӣ барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус "фоида дорад"
Президенти ИМА Доналд Трамп дар як изҳороти нодираш гуфт, ки пӯшидани ниқоби тиббӣ барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус "фоида дорад"

Президенти ИМА Доналд Трамп дар нахустин нишасти матбуотиаш дар Кохи Сафед аз замони шурӯи пандемияи коронавирус дар моҳи апрел ҳушдор дод, ки пеш аз он ки вазъ дубора оддӣ мешавад, кишварро рӯзҳои сахте дар пеш аст. Зимни суханронии рӯзи 21 июл ӯ инчунин аз пешрафти муайяне дар кашфи воксинаи зидди коронавирус ва зарурати пӯшидани ниқоби тиббӣ сӯҳбат кард. Ин дар ҳолест, ки худи ӯ давоми моҳҳои охир аз пӯшидани ниқоб худдорӣ карда намехост доштани ҳатмии онро ба шаҳрвандони ИМА талқин кунад. Трамп ҳоло мегӯяд, ки пӯшидани ниқоб дар пешгирӣ аз олудашавӣ ба вирус “фоида дорад”. Трамп таъкид кард, ки дар 24 соати гузашта COVID-19 ҷони беш аз 1 ҳазор нафарро гирифтааст. Дар бархе кишварҳои дигари ҷаҳон ҳам муқаррароти нав ҷорӣ мешавад. Масалан, дар Мелбурги Австралия шурӯъ за 22 июл сокинон лаҳзае, ки аз хона берун шуданд, бояд ниқоб бипӯшанд. Дар Мексика талафони инсонҳо аз 40 ҳазор нафар гузашт, дар Бразилия дар як шабонарӯзи гузашта 41 ҳазор ҳодисаи нави олудагӣ ва 1400 ҳолати марг сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG