Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 46 мавриди нави сирояти коронавируси навро сабт кардаанд


Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, рӯзи 21-уми июл 46 мавриди нави сирояти бемории COVID-19 -ро ошкор кардаанд ва дар умум дар кишвар 6967 кас ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Дар баёнияи расмии вазорат аз рӯзи 21-уми июл, ки дар вебсайти он нашр шуд, омадааст, аз ҳисоби беморон 5683 нафар, ё 81.5 дар сади онҳо шифо ёфтаанд. Коронавируси нав ба гуфтаи вазорат то кунун ҷони 57 нафарро гирифтааст.

Мутахассисон мегӯянд, ҳарчанд суръати сирояти беморӣ дар Тоҷикистон суст шуда бошад ҳам вале омори расмӣ баёнгари воқеият нест ва шумораи гирифторону талафот ба маротиб бештар аз он аст, ки мақомот эълон мекунанд.

Мақомоти расмӣ то рӯзи 30-уми апрел мегуфтанд, ки Тоҷикистон кишвари орӣ аз коронавируси нав аст, вале як рӯз пеш аз омадани ҳайати мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Душанбе гуфтанд, ки 15 мавриди сирояти бемориро ошкор карданд.

То он рӯз мақомот мегуфтанд, даҳҳо нафаре, ки ба шифохонаҳо бо аломатҳои шабеҳи СOVID-19 муроҷиат мекарданд, гирифтори “илтиҳоби шуш” буданд, беморие, ки ҳам раиси порлумони Тоҷикистон ва ҳам додситони кулл ба он гирифтор шуданду муолиҷа гирифтанд.

XS
SM
MD
LG