Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз эҳтимоли истирдоди Қадам Исматов аз Русия ба Тоҷикистон


Қадам Исматов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Қадам Исматов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон -- як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аз созмонҳои байламилалии ҳуқуқи башар дархост кардааст, ки нагузоранд фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Қадам Исматов аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Ин созмон мақараш дар Варшаваи Лаҳистон рӯзи 22-уми июл бо нашри як изҳорот, ки дар вебсайти ин гурӯҳ нашр шуд, навишт, ки Душанбе талош дорад Қадам Исматовро аз Русия ба Тоҷикистон истирдод кунад.

Назари мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар ин робита то ба ҳол маълум нест.

Дар изҳороти ин созмон аз қавли вакили дифои Қадам Исматов омадааст, ки зерҳимояаш аз соли 2005 ба ин тараф шаҳрванди Русия мебошад ва ҳукумати Тоҷикистон ҳоло талош дорад, шаҳрвандии ӯ дар Русия лағв шавад ва ба Тоҷикистон истирдод гардад.

Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Қадам Исматов бо АздаТВ дар бораи эҳтимоли истирдоди зерҳимояаш гуфтааст, ки "аз соли 2005 Исматов шаҳрванди Русия мебошад ва аз ҳамон сол аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашидааст ва айни ҳол мақомоти Русия талош доранд, то бо тариқи суд шаҳрвандии ӯро бекор ва ба Тоҷикистон истирдодаш кунанд".

Оқои Қудратов афзудааст, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2016 нисбати Қадам Исматов парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва ӯ бо шаш модаи Қодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста мешавад. Ба гуфта ин вакили дифоъ, агар шаҳрвандии Исматов лағв шавад "ӯро дар Тоҷикистон 15-20 соли зиндон ва ҳатто марг интизор аст".

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз Афви Байналмилал, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, Саридоари Коммисариати олии СММ дар умури паноҳандагон ва низ Порлумони Аврупо тақозо кардааст, ки ба ин қазия дахолат намуда ва нагузоранд Қадам Исматов ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудани мухолифони ҳукумат дар гузашта ҳам будааст. Мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли ахир номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои мамнӯи сиёсиро ба феҳристи мавриди ҷустуҷӯ ворид карданд. Истирдоди мухолифони режими Душанбе аз Русия ба Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои ҳуқуқи башар интиқод шудааст.

XS
SM
MD
LG