Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини минтақаи Кӯлоб бо гумони узвият дар “Ал-қоида” боздошт шудааст


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб нисбати як сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо гумони пайвастани ӯ ба гурӯҳи тундрави “Ал-қоида” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Абдураҳмон Носирзода, сардори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди минтақаи Кӯлоб рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки С.Ҳ. сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ буда, дар шабакаи "Однаклассники" бо номи Муҳаммад Али Ҳаким сафҳа боз карда, наворҳои гурӯҳи тундрави “Ал-қоида”-ро таблиғ мекард. Носирзода афзуд, ки ҳатто барои ташвиқу тарғибот дар саҳифааш ба ҷои аксҳояш парчам ва акси аъзои ин гурӯҳро гузоштааст. Ӯ афзуд, ки нисбати ин нафар бо моддаи 307 прим. 3 қисми 2, павандаи ҷиноӣ боз ва аз рӯи мансубияти қазия ба КДАМ супорида шудааст.

Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин ҷавонро аз се то панҷ сол зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамзамон мақомт инро низ мегӯянд, ки пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳо тундравназар ба гузашта камтар шудааст. Гурӯҳи тундрави “Ал-қоида” дар Афғонистон фаъолият дошта, Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2006 фаъолияташро дар Тоҷикистон манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG