Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар як ҳафта мешавад рӯ ба эътидол меорад.
"Дар як шабонарӯз 1500 - 1600 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор мешавад", - афзуд ӯ. Ба гуфтаи Сой, барои афзоиши санҷиши сокинон аз вирус маблағи иловагӣ дар ҳаҷми 42 миллиард танга (101,4 млн доллар) аз буҷаи давлат зарур аст.
Сой дар ҷаласа изҳор дошт, ки тасмим доранд дар минтақаҳо ба раванди санҷиши сокинон аз вирус хадамоти байтории Вазорати кишоварзии Қазоқистонро ҷалб кунанд. Ин имкон медиҳад, ки тавонмандии озмоишгоҳҳоро то ба 40 ҳазор санҷиш дар як рӯз афзоиш диҳанд ва як қисми маблағи дархостшуда низ барои онҳост.
Дар як шабонаи рӯзи ахир дар Қазоқистон 1 630 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Шумории умуии мубталоён расман ба 73,4 расида, аз ин миён 585 кас ҷон бохтааст.