Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Мирзиёев аз шеваи мубориза бо коронавирус дар Узбекистон


Шавкат Мирзиеёв, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиеёв, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, корҳо дар самти пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус дар ин кишвар номуназзам роҳандозӣ шудаанд.

Ин нуктаро Мирзиёев дар ҷаласаи видеоӣ бахшида ба вазъи эпидемиологии Узбекистон, аз ҷумла ҳамагир шудани коронавирус дар шаҳри Тошканд ва роҳҳои ба эътидол овардани вазъ баён дошт.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти узбекистон, Мирзиёев гуфтааст, бахшҳои ёрии аввалияи тиббӣ, яъне бунгоҳҳои тиббии маҳаллаҳо ба кори шабонарӯзӣ гузаронида нашуда буданд.

Ба гуфтаи президенти узбекистон, дар Тошканд 11 маркази бисёрсоҳавӣ ва 64 маркази тиббӣ фаъолият дошта, дар ҳар кадоми онҳо аз 50 то 200 табиб кор мекунанд. Вале бештари онҳо танҳо дар ниммаи аввали рӯз беморонро қабул менамоянд.

Дар ҳар маркази тиббӣ бояд гуруҳи сенафарии табибон ташкил карда мешуд, то беморони мубтало ба шакли сабуки коронавирус ё бидуни нишонаро муоина кунанд. Вале баъзе аз гуруҳҳо умуман табиб надоранд. Қариб дар ҳамаи бунгоҳҳо дастгоҳи рентген мавҷуд аст, вале аз он истифода намешавад.

"Агар кори ин марказҳо муассир бошад, фишор ба бахши "ёрии таъҷилӣ" кам мешавад ва ҳангома низ миёни сокинон камтар хоҳад шуд",-изҳор доштааст Мирзиёев.

Ба муовини сарвазир Беҳзод Мусоев ва Вазорати тандурустии Узбекистон дастур дода шудааст, ки 75 маркази тиббии Тошканд бо беш аз 3000 ҳазор табибу ҳамшира ба кори шабонарӯзӣ гузаронида шаванд.

XS
SM
MD
LG