Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Зеленский аз хабари ба Фаронса дода шудани иттилои марбут ба ҳавопаймои суқуткарда


8 январи соли 2020. Макони суқути ҳавопаймои украинӣ
8 январи соли 2020. Макони суқути ҳавопаймои украинӣ

Президенти Украина Владимир Зеленский ба Фаронса дода шудани гузориши марбут ба ҳавопаймои суқуткардаи украинӣ дар Эронро истиқбол кард. Ин иттило аз қуттиҳои сиёҳи ҳавопаймои ширкати байналмилалии ҳавоии Украина гирифта шудааст, ки дар як ҳодисаи моҳи январ аз ҷониби мушаке суқут дода шуд ва дар натиҷа боиси кушта шудани 176 нафар сарнишини он гардид. Муфаттишони фаронсавӣ рӯзи 20 июл гуфтанд, ки пеш аз ҳама сабтҳои диктофони утоқи халабонҳо ва баъди он маълумоти марбут ба парвоз таҳқиқ мешавад. Нирӯҳои эронӣ гуфтанд, ки дар ҳодисаи рӯзи 8 январ ба таври иштибоҳӣ мушаке, ки дар авҷи таниш бо ИМА партоб шуд, ҳавопаймои Boeing 737-ро суқут додааст. Эрон ин ҳодисаро каме баъдтар “як хатои фоҷеабор” номид. Зеленский гуфт, ки мутахассисони украинӣ дар канори муфаттишони Фаронса, ИМА ва Канада дар кори таҳқиқи иттилои қуттиҳои сиёҳ иштирок хоҳанд кард. Эрон моҳи июн розӣ шуд, ки қуттиҳои ҳавопайморо ба таҳлилгарони байналмилалӣ бидиҳад, то ки баҳси тӯлонӣ бо Канада, Украина ва Фаронса дар заминаи дастрасӣ ба иттило ҳалли худро пайдо кунад. Аксар қурбониҳои ин ҳодиса шаҳрвандони Канада буданд ва он рӯз ҳам ба Канада парвоз мекарданд. Дар гузориши ҳафтаи гузаштаи Созмони ҳавопаймоии кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, сабаби фоҷеа дар иттилои иштибоҳии системаи радар ва набуди муошират дар миёни оператори дифои ҳавоӣ ва фармондеҳонаш буд.

XS
SM
MD
LG