Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи лавҳаи хотираи Павел Шеремет дар Киев


20 июли соли 2020, маросими ифтитоҳи лавҳаи хотираи Павел Шеремет

Дар маркази шаҳри Киев дар рӯзи куштори журналисти маъруф ва мунаққиди ҳукумати Русия лавҳаи хотираи Павел Шеремет гузошта шуд. Ин журналисти мунаққиди Русия зодаи Беларус буд, вале солҳои пеш аз маргаш ба шаҳри Киев кӯчида дар Украина зиндагиро ихтиёр карда буд. Ин хабарнигори “Украинская правда” рӯзи 20 июли соли 2020 замоне, ки хонаашро тарк карда ба сӯи як шабакаи радио – ҷои дигари кориаш равона мешуд, аз таркиши мошинаш кушта шуд. Лавҳаи хотираи Павел Шеремет ба шакли як пора коғазе ифода ёфта дар рӯи он исми журналисти кушташуда навишта шудааст. Рӯзи душанбе дар Киев маросими ифтитоҳи ин лавҳаи хотира бо ширкати ҳамкорони журналисти маъруф баргузор шуд. Дар робита бо куштори Шеремет панҷ гумонбар боздошт шудааст, вале моҳи январ додситонии кулли Украина гуфт, ки барои ба додгоҳ ирсол шудани парванда далели бештар лозим аст. Дар изҳороти моҳи декабри вазорати дохиливу полиси миллии Украина дар сабаби эҳтимолии куштори Шеремет гуфта шуд, ки ҳадаф “бесубот кардани фазои сиёсиву иҷтимоии Украина” мебошад.



XS
SM
MD
LG