Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон шумори фавтидаҳо аз COVID-19 ба 1003 расид


Дар Қирғизистон дар давоми як шабонарӯзи ахир 1020 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё СOVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ба огаҳии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Қирғизистон, ин ҳолатҳо дар шаҳри Бишкек (369), вилояти Чӯй (123), Ӯш (178), Талас (37), Норин (31), Иссиқкӯл (31), Ҷалолобод (40), Бодканд (70) ошкор шудаанд.

Шумори фавтидагон дар як рӯзи ахир 70 нафарро ташкил дода, бештари онҳо сокинони Бишкек ҳастанд.

Дар Қирғизистон расман шумори умумии мубталоёни коронавирус ба 26532 расида, то ҳол 1003 кас ҷон бохтаанд.

Дар як рӯзи ахир 70 корманди тиббӣ ба вирус гирифтор шудааст.

XS
SM
MD
LG