Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дастури санҷиши омодагии ҷангии беш 150 ҳазор нерӯи низомиро дод


Машқи нерӯҳои низомии Русия дар Доғистон
Машқи нерӯҳои низомии Русия дар Доғистон

Владимир Путин, президенти Русия бо назардошти, ба гуфтаи ӯ, “таҳдиди ҷиддии тероризм” дастури санҷиши омодагии фаврии 150 ҳазор сарбозу садҳо нерӯ дар хушкию баҳрро дар ҷанубу ғарби кишвар дод.

Вазири дифо Сергей Шойгу рӯзи 17 июл изҳор дошт, ки аллакай санҷиш шурӯъ шудааст ва сатҳи омодагии неруҳои мусаллаҳи Русия барои гузаронидани машқи низомии “Кавказ-2020” дар моҳи сентябр баррасӣ мешавад.

“Бар асоси қарори сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия (Путин) баргузории санҷиши ғайримунтазираи омодагии ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ баргузор карда мешавад”,-гуфт Шойгу.

Минтақаи ҷанубу ғарбии Русия бо Украина ҳамшафат буда, аз тарафи шарқ Русия аз соли 2014 ба ин тараф гурӯҳҳои ҷудоихоҳро дар руёрӯиҳои ҷангӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳимоят мекунад.

Ба гуфтаи вазири дифои Русия, дар ин размоиш 400 ҳавопаймои ҷангӣ ва 100 киштии ҷангӣ ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG