Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ: "як зодаи Осиёи Марказӣ бо гумони ҳамлаи террористӣ дар Хабаровск" боздошт шуд


16 июл, Хабаровск. Аз 11 июл ба ин сӯ дар ин ҷо намоишҳои эътирозӣ ҷараён дорад
16 июл, Хабаровск. Аз 11 июл ба ин сӯ дар ин ҷо намоишҳои эътирозӣ ҷараён дорад

Хадамоти амнияти федеролии (ФСБ) Русия рузи 17 июл гуфт, ки дар Хабаровск аз як ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ ва иҷрокунандаи эҳтимолии онро ҳам боздошт кардааст. Ин дар ҳолест, ки аз 11-уми июл дар Хабаровск намоишҳои эътирозии зидди боздошти раиси вилоят Сергей Фургал ҷараён дорад. Ширкатдорони эътирозҳо мегӯянд, ки парвандаи Фургал дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Раҳпаймоиҳои эътирозӣ бидуни ризоият бо мақомот ҷараён дорад ва полис ҳам то ҳол ба он дахолат накардааст.

Дар изҳороти ФСБ дар бораи эътирозҳо чизе гуфта намешавад, вале омадааст, ки амали террористӣ гӯё “дар макони таҷаммӯи шумори зиёди мардум” бо “истифода аз маводи тарканда” барномарезӣ шуда буд. Мақомот гуфтанд, ки бо гумони содир кардани ин ҷиноят як зодаи Осиёи Марказиро боздошт кардаанд ва ӯ гӯё бо дастури “раҳбарони террористони байналмилалӣ” амал мекард. Ҷузъиёти аз ин беш дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки намоишҳои бештари эътирозӣ ба пуштибонии Фургал ба рӯзи 18 июл таъин шудааст. Мақомот ӯро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла фармоиши куштори соҳикборон гумонбар медонанд, вале худи ӯву тарафдоронаш ин парвандаро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки солҳои охир сохторҳои ҳифзи қонуни Русия гоҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистону Тоҷикистонро дар гӯё содир кардани амалҳои террористӣ гунаҳгор ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мекунанд, дар ҳоле, ки худи гунаҳгоршудаҳо иттиҳомро рад ва тамоми ҷиноятро сохтакоришуда меноманд.

XS
SM
MD
LG