Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев ба нашри омори "дақиқ"-и коронавирус дастур дод


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

"Дар баробари коронавирус ба саломатӣ ва ҳаёти инсон илтиҳоби шуш ҳам осеби сахт мерасонад", - изҳор дошт президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев.

Тоқаев 16 июл ин нуктаро дар Твиттер навишта, афзуд, ки ба ҳукумат дастур додааст, то дар пасманзари афзоиши бемории илтиҳоби шуш ва фавт бар асари он омори мубталоён ба коронавирусро "дақиқ" кунад.

"Ҳамаи маълумоти марбут ба коронавирус, сарфи назар аз мусбат ё манфӣ будани он бояд дастраси ҷомеа шавад",-навиштааст вай.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон то ба имрӯз 66,8 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин миён беш аз 40 ҳазор бемор шифо ёфтаанд.

Ба гуфтаи вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой, то 14 июл дар ин кишвар 396 нафар аз вируси корона ҷон бохтаанд. Вале сомонае, ки маълумот дар бораи вазъи эпидемиологии Қазоқистонро нашр мекунад, шумори фавтидаҳоро аз аввали ҳафтаи равон тағйир надодааст ва то ҳол 375 нишон медиҳад.

Дар Қазоқистон ҳамчунин афзоиши бемории илтиҳоби шуш ва фавт бар асари он низ мушоҳида мешавад. Мақомоти қазоқ сарфи назар аз гуфтаҳои табибон, ки илтиҳоби шушро коронавирус бармеангезад, омори онро ба рӯйхати умумии марбут ба коронавирус шомил намекунанд.

XS
SM
MD
LG