Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии наҷоти иқтисоди Аврупо дар ҷаласаи раҳбарони ИА


Нақше аз парчами ИА
Нақше аз парчами ИА

Рӯзи 17 июл нахустин бор дар чанд моҳи охир 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар як ҷаласаи ҳузурӣ дар Брюссел барномаи 750-миллиардевроии наҷоти иқтисоди ин қора аз паёмдҳои пандемияи коронавирусро баррасӣ мекунанд. Аз замони шурӯи пандемия, ИА бо пастравии амиқи иқтисодӣ рӯбарӯ мешавад ва раҳбарони ин сохтор ҳама ба ин назар ҳастанд, ки барои пешгирӣ аз амиқрафти бештари бӯҳрон бояд зуд амал бикунанд. Вале бо ин вуҷуд дар бархе масъалаҳо раҳбарони кишварҳои аврупоӣ ҳанӯз иттифоқи назар надоранд. Аз ҷумла, дар заминаи ҳаҷми маблағҳои наҷоти иқтисодӣ ва ҳам тақсими ин пулҳо ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон субҳи 17 июл дар лаҳзаҳое, ки ба ҷаласа сафар мекард, гуфт, ки ИА-ро “лаҳзаи ҳалкунанда” дар пеш аст ва изҳори умедворӣ кард, ки раҳбарони аврупоӣ бо барномаи наҷот мувофиқат мекунанд.


XS
SM
MD
LG