Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қашқадарё 150 табибро ба рухсатии бемузд фиристодаанд


Як бемористон дар ноҳияи Косон.
Як бемористон дар ноҳияи Косон.

Дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон бо вуҷуди ҳамагир шудани коронавирус наздики 150 табиб ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.

Ин 150 нафар табибу ҳамшираҳои беморхонаи марказӣ, таваллудхона ва бемористони ноҳияи Косони Қашқадарё ҳастанд. Ба гуфтаи табибон, раҳбарият онҳоро бо як фармони шифоҳӣ ба рухсатии бемузд фиристодааст.

"Моҳи март ҳамаи моро ба рухсатии иҷборӣ фиристода буданд. Аз 10 июл бо як фармони шифоҳӣ моро дубора ба рухсатии бемузд фиристоданд. Дар ҳоле ки пушти дари беморхона пур аз бемор аст. Дари беморхонаро баста, чаҳор нафарро гузоштаанд ва онҳо ҳамаи афродеро, ки муроҷиат мекунанд, бозпас мегардонанд. "Мегӯянд, хоҳиш мекунем, надароед, табибон нестанд". Субҳи имрӯз ман худам дидам, ки чи гуна беморони қалбу фишорбаландиро аз назди дари беморхона гардонданд", - гуфт як табиби бемористони Косон.

Яке аз ҳамшираҳои таваллудхонаи Косон низ гуфт, 15 июл 35 табибу ҳамшираи таваллудхона ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар таваллудхона, табибону ҳамшираҳои ангуштшумор мондаанд.

Ҳуқушиноси бемористони вилоятии Қашқадарё Актам Зоиров эътироф кард, ки табибон ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд, вале ӯ гуфт, ин кор ихтиёрӣ сурат гирифтааст.

"Ягон касро иҷборан ба рухсатӣ нафиристодаанд. Табибон ихтиёрӣ ба рухсатӣ фиристода шудаанд. Раҳбарият наметавонад кормандро иҷборан ба рухсатӣ фиристад. Агар фармони шифоҳӣ бошад, мумкин. Вале ин гуна фармон ҳам нашудааст. Агар касеро иҷборан ба рухсатии бемузд фиристода бошанд, бигузор, ба мо муроҷиат кунад, мо ӯро бармегардонем", - изҳор дошт ҳуқуқшинос.

XS
SM
MD
LG