Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари католикҳои ҷаҳон гуфт, аз тасмими Туркия "ғамгин аст"


Поп Франсис
Поп Франсис

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, гуфт, аз тасмими Туркия барои табдили музей ё осорхонаи Аёсуфияи Истанбул ба масҷид "ғамгин аст". Изҳороти ӯ рӯзи 12-уми июл дар ҷараёни маросими ҳафтагии дуохонӣ дар Ватикан садо дод. Як додгоҳи Туркия ҳафтаи гузашта қарор кард, ки осорхонаи таърихии Аёсуфия ба масҷид табдил дода шавад. Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, рӯзи 24-уми июл намози аввалини ҷамоат дар он ҷо баргузор хоҳад шуд. Шӯрои калисоҳои ҷаҳон аз раиси ҷумҳури Туркия хостааст, тасмимашро дигар кунад. Калисои 1500-солаи Аёсуфия дар як лашкаркашии усмониҳо дар соли 1453 ба масҷид табдил ёфта буд. Эрдуғон гуфтааст, дари бино ба рӯйи мусулмонҳову насрониҳо кушода хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG