Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия гуфт, ҳисоботи ҳизби Зоировро ба маъмурони милиса надодааст


Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ.

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳисоботи пешниҳодкардаи Ҳизби сотсиал-демократро ба ягон ниҳоди дигар, аз ҷумла ба дасти маъмурони милиса надодааст. Моҳи июн Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ҳисоботи ба Вазорати адлия додаашро дар дасти маъмурони милиса дидааст ва бар асоси ин ҳисобот аъзои ҳизб таъқиб мешаванд.

Аммо Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия рӯзи 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳисоботи Ҳизби сотсиал-демократро Вазорати адлия ба ягон мақоми давлатӣ пешниҳод накардааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳакимзода, ҳисоботи пешниҳодкардаи ҳизбҳо, аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократ барои истифодаи худи вазорат аст ва он ба дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод намешавад. Ин масъули Вазорати адлия афзуд, ҲСДТ ба онҳо дар бораи таъқиби аъзои ҳизб ва пешниҳоди ҳисоботи онҳо ба дигар ниҳод ягон муроҷиат накардааст.

Моҳи июн Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз он нигаронӣ кард, ки таъқиби аъзоёни ҳизб бар асоси ҳисоботе сурат мегирад, ки ҳизб ба Вазорати адлия дода буд.

Ба гуфтаи Зойиров, ҳисоботеро, ки дар бораи ҳизб ва аъзои он ба Вазорати адлия пешниҳод мекунад, дар дасти як маъмури милиса дидааст ва гӯё аз рӯйи он бо тарафдорон ва аъзои ҳизб "кор мекунанд".

Дар он ҳисобот, ба гуфтаи ӯ, ному насаби аъзо, ҷойи зист ва ҷойи корашон навишта шудааст.

Ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон бар асоси қонун бояд ҳар сол дар бораи фаъолияти худ ва теъдоди аъзо б Вазорати адлия бояд ҳисобот диҳанд.

XS
SM
MD
LG