Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳо аз Дубай ба Душанбе. Натиҷаи ташхиси COVID-19 зарур аст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай эълон кард, ки рӯзи 21-уми июл парвози як ҳавопаймои ширкати Fly Dubai ба самти Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Мақомоти дипломатӣ гуфтанд, харидани билет ба таври онлайн аз ширкат имконпазир ҳаст.

Ба иттилои расмӣ, ба сабаби он ки ин парвози маъмулист, зарурати сабтином дар консулгарӣ вуҷуд надорад. Аммо гуфта шудааст, шаҳврандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз кишварҳои минтақа ба Дубай рафта, аз онҷо ба Душанбе баргарданд, "бояд пеш аз харидани билет натиҷаи ташхиси тиббии COVID-19 ва кафолати фиристодани бағоҷро дақиқ кунанд".

Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав дар Тоҷикистон аз 1-уми июл ба парвозҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба Узбекистону Дубай иҷозат дод.

Тоҷикистон бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро ба қаламраваш аз рӯзи 19-уми март ба таври ногаҳонӣ қатъ кард.

Баъд аз қатъи парвозҳо танҳо чанд парвози махсус барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷ ва интиқоли ёриҳои башардӯстона ба кишвар анҷом шудааст.

Мақомот мегӯянд, ҳоло азсаргирии парвозҳои маъмулиро бо Русияву Чин ва кишварҳои дигар баррасӣ доранд. Дар Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон мунтазири бозгашт ба кишвар ҳастанд. То 30-юми июл чанд парвози ғайринақшавӣ ё чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG