Чин гуфт, барои таҳрим шудани мақомоти чинӣ аз ҷониби Вашингтон бар асоси парвандаи озори “даҳшатнок ва доимии” ҳуқуқи уйғурҳову дигар гурӯҳҳои мусалмонон дар вилояти ғарбии Шинҷон, тадбирҳои мутақобила роҳандозӣ мекунад. Вазорати хориҷаи Чин рӯзи 10 июл гуфт, ки “иқдомҳои ИМА мудохилаи ҷиддӣ ба умури дохилии Чин аст ва меъёрҳои бунёдии равобити байналмилалиро ҷиддан нақз мекунад ва равобити Чину ИМА-ро ҷиддан осеб мерасонад”. Вазорат нагуфт, ки тадбирҳои мутақобила аз чӣ иборат мешавад. Таҳримҳои ИМА дар шароите ҷорӣ мешавад, ки равобити Пекину Вашингтон бо сабаби тарзи бархӯрди Чин ба коронавирус ва ҳам вазъ дар Ҳонгконг пуршиддат шудааст. Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки се мақоми чинӣ аз ҳақи гирифтани визаи ИМА маҳрум мешаванд ва дороиҳои онҳо дар ИМА масдуд мешавад. Дар миёни ин се мақом чунин афрод ном бурда шудаанд: Чен Тсуанго, раиси ҳизби коммунисти вилояти Шинҷон ва шахсе, ки меъмори низоми фишору азияти аққалиятҳои милливу динӣ дониста мешавад; Жу Ҳайлун, собиқ раиси кумитаи сиёсиву ҳуқуқии Шинҷон ва Ванг Мингшан, раиси амнияти минтақавӣ. Дар миёни таҳримшудаҳо инчунин собиқ мақоми амниятии вилояти Шинҷон номбар шудааст.