Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон


Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон сироятёбӣ ба коронавирус афзоиш ёфтааст.

Вазорати тандурустӣ аз сироят ёфтани 46 нафари дигар ба бемории COVID-19 хабар дод. Ин ниҳод гуфт, то рӯзи 9-уми июл дар Тоҷикистон 6410 нафар ба коронавируси нав сироят ёфта, 79 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Ба иттилои мақомот, коронавируси нав то ин дам дар кишвар 54 қурбонӣ доштааст.

Вале бархеҳо ба рақамҳои расмӣ шубҳа доранд ва омори ғайрирасмиро аз ин бештар медонанд. Вазорати тандурустӣ ба ҷуз аз пахши рақамҳои умумӣ дар бораи гирифторон маълумоти бештар намедиҳад.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҳафтаи чаҳорум аст аз кам шудани беморӣ ва холӣ шудани шифохонаҳо мегӯянд, Узбекистону Қазоқистон дубора аз афзоиши гирифторон ва сахттар шудани чораҳо хабар доданд.

Зимнан дар миёни муҳоҷироне, ки охири ҳафтаи гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда шуданд, 70 нафарашон ба коронавирус сироят ёфтаанд. Тибқи иттилои хабаргузории "Азия-Плюс" 3 нафари бозгашта аз Олмон низ бо нишонаҳои беморӣ бистарӣ ҳастанд.

Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард. То он замон афзоиши беморон дар шифохонаҳо ва марги пайиҳами чанде аз сокинонро ба “илтиҳоби шуш” рабт медоданд.

XS
SM
MD
LG