Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пекин ИМА-ро ба пешбурди сиёсати "корсоз" бо Чин даъват кард


Ван И, вазири хориҷаи Чин. Акс аз соли 2019
Ван И, вазири хориҷаи Чин. Акс аз соли 2019

Ван И, вазири умури хориҷии Чин рӯзи 9 июл гуфт, ки равобити ИМА ва Чин аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвар 40 соли пеш бо чолишҳои хеле ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст. Вазири чинӣ сиёсати Вашингтон нисбати Чинро бунёдшуда бар тарси қадимӣ аз коммунизм тасвир кард. Ван И афзуд, сиёсати ИМА дар нисбати Чин бар пояи “арзёбиҳои иштибоҳии стратегиву норасоии далелҳо бунёд шуда, пур аз туғёнҳои эҳсосотӣ ва пешдовариҳои маккартистӣ” мебошад. Ишораи вазир ба муборизаҳои зиддикоммунистии сенатори амрикоӣ Ҷозеф Маккартӣ дар солҳои 1950-ум буд, ки бидуни далел мардумро дар фаъолиятҳои коммунистӣ муттаҳам мекард. Изҳориназарҳои Ван И дар вебсайти вазорати хориҷаи Чин нашр шуда инчунин мегӯяд, ки Чину ИМА бояд ба таври муштарак роҳҳои ҳамзистии сулҳомезро пайдо бикунанд ва умедвор аст, ки ИМА як сиёсати бештар оқилонаву корсозро дар нисбати Чин пеша хоҳад кард. Зоҳиран ин изҳороти вазири хориҷаи Чин ба гуфтаҳои ахири раиси FBI (Бюрои федеролии тафтишот) Кристофер Рей рабт дорад, ки рӯзи 7 июл гуфт, Чин барои амнияти ИМА “таҳдиди дарозмуддат ва ҷиддитарин” мебошад. Ван гуфт, ки Чин ҳеҷ гоҳ дар фикри ба чолиш кашидани ИМА, ихтилоф ваё гирифтани ҷои он нест.

XS
SM
MD
LG