Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 13 июлро рӯзи мотами фавтидагони коронавирус эълом карданд


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ки ба хотири фавтидагони коронавирус дар кишвараш 13 июл рӯзи мотами миллӣ эълом мешавад.

"Ин вабо ба гирифтани ҷони қазоқистониҳо идома медиҳад. Пушти омори расмӣ фоҷиаи садҳо хонавода нуҳуфта аст: касе падар, каси дигар модар, бародар, хоҳар, писар ва ё духтарашро аз даст додааст. Ин фоҷиаи умумии мост. Бовар дорам, ҳар касе дар рӯзи мотам ҳар ҷо, ки бошад, хотираи рафтагонро гиромӣ медорад", - гуфт президенти Қазоқистон.

Вай ҳамзамон ба шаҳрвандоне, ки наздиконашонро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард ва аз дигарон хост, ки "ноумед нашаванд ва худро ба руҳафтодагӣ насупоранд". "Мо касеро дар мушкилот намегузорем ва барои ҳифзи ҳаёту сиҳатии ҳар кадом қазоқистонӣ талош мекунем",- илова кард Тоқаев.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон аз раҳбарони қаблии вазорати тандурустии интиқод кард. Ӯ дар паёми телевизионии худ дар бораи "хатоҳои система"-и раҳбарии пешини вазорати тандуруст ва кори сусти ҳокимони маҳаллӣ дар ин замина сухан гуфт.

Рӯзи 25-уми июн вазири тандурустии Қазоқистон иваз карда шуд. Ба ҷои Елжан Биртанов, ки бинобар КОВИД-19 дар карантин ба сар мебруд, Алексей Сой вазири тандурустии Қазоқистон таъйин шуд.

Қосимҷомарт Тоқаев дар ин хитоби телевизионӣ, ки шаби 8-уми июл аз шабакаҳои телевизони давлатии он кишвар пахш шуд, гуфт, ки масъулияти густариши коронавирус на танҳо ба ӯҳдаи мақомот, балки бар дӯши афроде низ ҳаст, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя накарданд. Тоқаев афзуд, вазъи эпидемологӣ дар кишвараш ҳамчунон душвор аст, аммо "бадтар" аз дигар кишварҳо нест.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 51 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор ва 264 кас аз ин вабо фавтидааст. Сар аз 5 июл Қазоқистон ба далели авҷи мавҷи дувуми коронавирус чораҳои карантинро сахттар кард.

XS
SM
MD
LG