Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморхонаҳои Қирғизистон аз мубталоёни коронавирус "лабрез" шудаанд. ВИДЕО


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ба ҳукумат пешниҳод кард, ки манъи равуо миёни вилоятҳоро баррасӣ кунад. Беморхонаҳои шаҳри Бишкек пур шуда, коронавирус ба дигар минтақаҳои Қирғизистон низ паҳн мешавад.

Муовини шаҳрдори Бишкек дар Твиттер навишт, ки дар беморхонаҳои пойтахти Қирғизистон дигар ҷойи холӣ намондааст. Сардухтури ёрии таъҷилии пойтахти ин кишвар низ бо тасдиқи хабар гуфт, намедонанд беморонро ба куҷо баранд.

Толорҳои бузурги варзишӣ ба беморхона табдил дода шудаанд ва ба иллати набудани ҷой дар беморхона ҳатто беморони вазнинро ба чунин беморхонаҳо мебаранд. Дар рӯзи аввали кори бемористонҳои нав дар толорҳои варзишӣ се нафар ҷон бохтанд. Ихтиёриён, ки ба табибон кумак мерасонанд, мегӯянд, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб ва дастпӯш ба таври фоҷеавӣ намерасанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ дод, ки дар шаҳри Бишкек ҳар севумин табиб бемор аст ва табибони боқӣ бо охирин нерӯи худ кор мекунанд. Донишҷӯёни соҳаи тиб низ ба кор ҷалб шудаанд.

"Дар Бишкек 2062 кати иловагӣ омода мешавад. Ҷой холӣ мегардад, вале зуд банд мешавад. Ниёзмандон хеле зиёданд", - изҳор дошт муовини вазири тандурустии Қирғизистон Мадамин Каратаев.

Бештари Қирғизистониҳо аз кори мақомот дар давраи буҳрон норозиянд. Ҳатто сарояндаҳову ситораҳои дигар вазорати тандурустӣ, вакилон ва президентро интиқод мекунанд. Бархе аз онҳо аз мардум узр мепурсанд, ки замоне ҳизби ҳоким ва номзадҳои онро таблиғ кардаанд.

XS
SM
MD
LG