Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон ба хешовандони мухолифон фишор меоранд


Шаҳри Ишқобод
Шаҳри Ишқобод

Дар Туркманистон наздикони муҳоҷиронро ба идораи пулис даъват карда, талаб мекунанд, ки пайвандонашон ба ҳаракатҳои мухолифон дар хориҷ аз ин кишвар напайванданд.

"Дар ноҳияи Марий намояндагони ҳукумат ба хонаи онҳое мераванд, ки наздиконашон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ қарор доранд. Аз соҳибхона талаб мешавад, ки ҳамроҳи тамоми аъзои хонавода бо шиносномаҳои худ ба идораи пулис ҳозир шаванд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Марий.

Ба гуфтаи хабарнигор, мақомот тамоми онҳоеро ба қайд гирифтаанд, ки наздиконашон дар хориҷ аз Туркманистон қарор доранд.

"Афроде, ки бо сокинон суҳбат мекунанд, худро намояндагони ҳукумати ноҳия муаррифӣ менамоянд. Вале дар асл онҳо кормандони Вазорати амнияти миллии Туркманистонанд", - афзуд ӯ.

Маъмурони амниятӣ аз сокинон талаб мекунанд, ки фарзандон, хоҳар, бародар, волидони онҳо, ки дар хориҷ қарор доранд, ба ҳаракатҳои мухолифон напайванданд.

Талошҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари масъулони ҳукумати Марий дар робита ба ин хабар бенатиҷа буданд.

Мақомоти туркман ин иқдомро баъди он рӯи даст гирифтанд, ки туркманистониҳои муқими кишварҳои хориҷ баргузории таҷаммуъҳои эътирозӣ зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати президент Қурбонгулӣ Бредимуҳаммадовро оғоз карданд.​

Дар давоми моҳҳои ахир чунин таҷаммуи эътирозӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Туркия, Қибриси Шимолӣ ва шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва Питсбург баргузор карда шуданд.

XS
SM
MD
LG