Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурихоҳҳо хостори иқдомҳои “сареъ ва ҷиддӣ” дар робита бо қазияи маблағгузории Толибон аз ҷониби Русия шуданд


ИМА бо Толибон феврали имсол созиши сулҳ имзо кард ва дар доираи ин созиш садҳо зиндониҳои гурӯҳи шӯришӣ ба озодӣ мебароянд
ИМА бо Толибон феврали имсол созиши сулҳ имзо кард ва дар доираи ин созиш садҳо зиндониҳои гурӯҳи шӯришӣ ба озодӣ мебароянд


Ҷумҳурихоҳҳо мегӯянд, агар гузоришҳо дар бораи маблағгузорӣ шудани Толибон аз ҷониби Русия барои куштори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон рост бошад, онҳо хостори “иқдомҳои сареъ ва ҷиддӣ” хоҳанд буд. Ҷумҳурихоҳҳои узви маҷлиси намояндагони ИМА Мак Торнберри ва Лиз Чейнӣ бо нашри изҳороте рӯзи 29 июн баъди ҷаласаи баррасии нақши Русияву Толибон дар Афғонистон гуфтанд: “Маълум буд, ки Русия ба мо дар Афғонистон хубӣ намехоҳад”. Ҷумҳурихоҳҳои дигар Майкл МакКол ва Адам Кинзинҷер бо нашри изҳороте аз маъмурияти ИМА тақозо карданд, ки агар гузоришҳо ҳақиқат дошта бошад, “режими Путинро барои иқдомҳояш дар Афғонистон сареъ ва ҷиддан ҷавобгар бикунанд”. Ин ду вакил гуфтанд, ки огаҳ шудаанд, ки ҳоло дурустии ин хабарҳо мавриди санҷиш аст ва пеш аз ҳама гуна иқдоми ҷавобӣ бояд арзёбии ҳолат сурат бигирад. Рӯзи 30 июн ин мавзӯъро демократҳои маҷлиси намояндагон ҳам баррасӣ хоҳанд кард. Президент Доналд Трамп гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар ин бора аз хадамоти иктишофоии кишвар хабаре дарёфт накардааст.

Нашрияи New York Times, ки бори аввал рӯзи 26 июн дар бораи эҳтимоли аз русҳо маблағ гирифтани Толибон хабар дода буд, рӯзи 30 июн навишт, ки Трамп ҳанӯз моҳи феврал дар ин бора огоҳонида шуд.

XS
SM
MD
LG