Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути Мулло Абдураҳимро аз Русия оварда, дар зодгоҳаш дафн карданд. ВИДЕО


Мулло Абдураҳим
Мулло Абдураҳим

Маросими видоъ ва дафни Абдураҳим Дӯстматов, машҳур бо номи Мулло Абдураҳим (Қаландар), рӯзи 27-уми июн бо ҳузури садҳо нафар дар зодгоҳаш ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт баргузор шуд.

Ӯ 23-юми июн дар 63-солагӣ дар шаҳри Ижевски Русия даргузашт.

Мулло Абдураҳим дар яке аз наворҳои пеш аз маргаш гуфта буд, мумкин аст, ҷасадаш дар Ижевск бимонад, вале дертар тобути ӯро аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд.

Яке аз иштирокдорони маросими видоъ бо ӯ дар ҷамоати Понғози Ашт гуфт, "мардуми зиёде ҷамъ омада буд. Ҳама мехостанд. видоъ кунанд ва пояи тобуташро бигиранд. Маъмурони милиса ҳам буданд ва тартиботро назорат мекарданд. Бо баландгӯйҳо аз мардум мехостанд, ки роҳҳоро кушоянд."

Дар наворҳо дида мешавад, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав дар ҷойи таҷаммӯи мардум дар Понғоз маҳлулҳои беҳдоштӣ мепошанд.

Навор аз корбарон аст:

Мулло Абдураҳимро дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт, дафн карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00

Мулло Абдураҳими Понғозӣ ҳафтаи гузашта дар наворе аз бемориаш хабар дод ва гуфт, ки таби баланд дораду дар роҳ ба сӯйи шифохона аст. Дар он навор гуфт, баъди бештар аз ду моҳи хонанишинӣ мариз шудааст ва баданаш "месӯзад".

Ин рӯҳонии шинохта соли 1975 мактаби ба номи Маъданро дар ноҳияи Ашт хатм карда, таълими диниро дар Марғелони Узбекистон гирифтааст. Cе сол дар Намангон зиндонӣ буд.

Худи ӯ дар як суҳбаташ бо нашрияи "Рӯзгор" гуфта буд, ки соли 1989 баъди раҳоӣ аз ҳабс озод имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Ашт таъин шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум ба Афғонистон фирор кард. "Дар он ҷо ду сол дар байни муҳоҷирини тоҷики муқими Афғонистон будам. Дар зиндони Ризвон 12 рӯз маҳбасӣ будам. Бисёр латукӯб карданд", -- гуфта буд ӯ дар суҳбат бо нашрияи "Рӯзгор".

Вай баъдан ба Покистон ва Арабистони Саудӣ рафта, беш аз ду сол дар Маккаву Мадина зистааст. Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 дубора ба ватан баргашт ва асосан ба сохтмони масҷиду мактаб ва шифохона машғул буд.

"Нури Имон"-ро, ки бузургтарин масҷид дар ноҳияи ба Ашт ба шумор меравад, соли 2008 ба истифода дод. Солҳои ахир барои тармими роҳҳои вайроншудаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт талош дошт.

XS
SM
MD
LG