Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Русия бо қочоқи одамон муборизаи ҷиддӣ намебарад


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА дар як гузориш баён кардааст, ки мақомоти Русия зидди қочоқи одамон муборизаи ҷиддӣ намебаранд ва талошҳои Русия дар мубориза бо ин мушкил ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Русия дар як қатор бо 20 кишвари дигар аз ҷумла, Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва Белорус шомил шудааст, ки қочоқи одамон дар ин кишварҳо ташвишовар аст. Дар гузориш гуфта шудааст, мушкили асосӣ меҳнати иҷборӣ аст, ки ин мушкил дар Русия домангири муҳоҷирони корист. Мақомоти ИМА мегӯянд, дар ҳудуди Русия ҳазорон муҳоҷир ғайри хоҳиши худ кор фармуда мешаванд.

Помпео иттилоъ медиҳад, айни замон дар саросари дунё 25 миллион афроди болиғ ва ноболиғе мавҷуд аст, ки бо ҳадафи меҳнати иҷборӣ ва истисмори шаҳвонӣ савдо шудаанд.

Котиби давлатии ИМА гуфт, президенти кишвараш Доналд Трамп соли гузашта бархе аз навъҳои кумакро ба 15 кишваре маҳдуд кард, ки дар гузориши соли гузашта кишварҳои мазкур дар рӯйхати қочоқи одамон мақомҳои пойинро касб карда буданд.

XS
SM
MD
LG