Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони милиса дар Тошканд ниқоби ройгон тақсим мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сар аз 25 июн кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошканди Узбекистон ҳар рӯзи панҷшанбе ба сокинон ниқоби ройгони тиббӣ тақсим мекунанд. Дар ин бора аз раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд хабар доданд.

Ҳар рӯзи панҷшанбе рӯзи пешгирӣ эълом шудааст. Касоне, ки дар ин рӯз ниқоб надоранд, ҷарима нахоҳанд шуд, аммо кормандони милиса миёни сокинон пӯшидани ниқоб ва эмин мондан аз гирифторӣ ба коронавирусро таблиғ мекунанд.

Танҳо дар рӯзи 25 июн бештар аз 30 ҳазор ниқоб байни сокинони Тошканд тақсим шудааст.

Бино ба иттилои охирин, дар Узбекистон 6901 ҳолати гирифторӣ ва 20 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG