Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири беҳдошти Қазоқистон, ки дар давраи пандемия бисёр танқид шудааст, барканор шуд


Алексей Тсой, вазири нави беҳдошти Қазоқистон
Алексей Тсой, вазири нави беҳдошти Қазоқистон

Бо қарори президенти Қазоқистон рӯзи 25 июн вазири беҳдошти ин кишвар Елжан Биртанов аз мақомаш озод ва ба ҷои ӯ Алексей Тсой таъин шуд. Биртанов дар ин мақом се сол кор кард, вале сабаби расмии барканории ӯ нашр намешавад.
Рӯзи 14 июн Биртанов гуфт, ки ба коронавирус олуда шудааст ва баъди чанде маълум шуд, ки пневмония дорад. Вазорати беҳдошт таҳти раҳбарии Биртанов тадбирҳои зидди паҳншавии COVID-19-ро амалӣ мекард. Аввалин ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар Қазоқистон расман дар моҳи март расонаӣ шуд. Дар ин муддат вазорати беҳдоштро барои “набуди стратегияи мушаххас”-и вокуниш ба бӯҳрон, таъминоти нокофии беморхонаҳо бо васоили ҳифозатӣ ва “ноомодагӣ”-и системаи беҳдошти кишвар ба пандемия бисёр интиқод мекарданд. Ходимони тиб аз “ноодилона” ва “номунтазам” дода шудани ёриҳои иҷтимоӣ ба ходимони тиб садо шикоятҳо кардаанд.

Алексей Тсой, ки вазири нави беҳдошт шуд, се рӯз пеш аз ин ба мақоми муовини вазири беҳдошт таъин гардид. Ӯ ду дафъа - солҳои 2017 ва 2019 дар мақоми муовини вазир кор кардааст. Вазири нав 43 сол дошта зодаи шаҳри Шимкент аст. Номзади илми тиб ба ҳайси эндоскопист ваё духтури ташхисгар кор карда баъдан бештар дар вазифаҳои раҳбарикунанда таҷриба гирифтааст.

XS
SM
MD
LG