Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Косово гуфтугӯ бо президенти Сербия дар Вашингтонро бекор кард


Президенти Косово Ҳошим Тачӣ феврали соли 2008 дар меҳмонии хонаводаи сербе дар деҳаи Рубовч. Косово
Президенти Косово Ҳошим Тачӣ феврали соли 2008 дар меҳмонии хонаводаи сербе дар деҳаи Рубовч. Косово

Абдуллоҳ Ҳотӣ, нахуствазири Косово аз ширкат дар гуфтугӯ бо президенти Сербия Александр Вучич дар Вашингтон, ки бо миёнҷигии ИМА ба рӯзи 27 июн таъин шуда буд, даст кашид. Таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи гузашта додраси додгоҳи Гаага президенти Косово Ҳошим Тачӣ, раиси собиқи парлумон Қадрӣ Весели ва “дигарҳоро” барои нақшашон дар ҷангҳои Косово дар солҳои 1998-99 дар “ҷиноятҳои ҷангӣ” ва “ҷиноят алайҳи башарият” гумонбар донист. Ҳотӣ рӯзи 25 июн аз шаҳри Брюссел, ки он ҷо қарор буд бо мақомоти аврупоӣ гуфтугӯ мекард, дар Твиттераш навишт, ки “бо сабаби таҳаввулоти ахир дар Приштина ва айб эълон кардани дафтари вижаи додситон, ман бояд барои расидагӣ ба вазъ ба кишвар баргардам”. Қарор буд Ҳотӣ ва Тачӣ ҳамроҳ дар музокирот бо Вучич дар Вашингтон иштирок ва роҳҳои беҳбуди равобити Белград ва Приштинаро баррасӣ мекарданд. Дафтари Тачӣ рӯзи 24 июн хабар дод, ки бо сабаби эълони айб президент сафари Вашингтонро қатъ карда фардо ба Приштина бармегардад. Дафтари Ҳотӣ гуфт, ки мулоқоти аз пеш таъиншуда бо президенти Комиссиюни Аврупо, президенти Шӯрои Аврупо ва ду мақоми дигари баландпояи аврупоӣ дар рӯзи 25 июн бекор намешавад.

XS
SM
MD
LG