Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани маҷрӯҳ дар Намангон дар интизории ёрии таъҷилӣ фавтид


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 23 июн наворе нашр шуд, ки зани ғарқи хунро нишон медиҳад. Дар навор дида мешавад, зани дигар, ки дар канори маҷруҳ нишастааст, бо садои гиряолуд мегӯяд: "Ёрии таъҷилӣ наомад".

Шоҳидон гуфтанд, ҳодисаи мазкур рӯзи 18 июн дар бозори "Сардоба"-и Намангони Узбекистон рух додааст.

Табибони бемористони Намангон гуфтанд, ёрии таъҷилӣ сари фурсат фиристода шуда буд, аммо зан ба далели хунравии зиёд то расидани ёрии таъҷилӣ фавтидааст.

Мақомоти интизомии Намангон гуфтанд, марди 41-солае бо гумони "куштори барқасдона" боздошт шудааст.

"Ин ҳодиса нисфирӯзии 18 июн рух дод. Шавҳари зан ба дукони вай омада, маблағ пурсид, аммо зан надод. Дар ҳолати хашм мард занашро корд зад", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Додситонии шаҳрии Намангон ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардааст.

Танзила Норбоева, раиси сенати Узбекистон рӯзи 18 июн гуфт, ки давоми ду соли охир дар он кишвар бо айби таъхири ёрии таъҷилӣ бештар аз 48 ҳазор фавт сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG