Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ба Интернет "кӯчонд". ВИДЕО


Сайри маҷозии осорхонаи миллии Тоҷикистон имконпазир шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Густариши бемории COVID-19 масъулони Осорхонаи миллии Тоҷикистонро водор кардааст, ки сайр ё экскурсияи маҷозиро ба роҳ монанд. Роҳбаладон ба панҷ забон бештаре аз нигораҳо ва осори таърихиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардуми кишвар ва сайёҳони хориҷӣ шарҳ медиҳанд.

Миҷгона Иброҳимова, роҳбалади Осорхонаи миллии Тоҷикистон, рӯзи 23-юми июн гуфт, набудани тамошобин дар замони пандемия онҳоро водор кардааст ба алоқамандони тамошои осорхона сайрҳои маҷозиро роҳандозӣ кунанд.

"Мо ба тамошобини худ аз таърихи бойи Тоҷикистон нақл мекунем ва мехоҳем, аз ин иттилоъ бохабар бошанд. Баъзе аз сайёҳон бо дидани наворҳои пешниҳодии мо талош мекунанд, баъди ба эътидол омадани вазъ ба Тоҷикистон омада, бойигарии осорхонаро аз наздик бубинанд", -- афзуд ӯ.

Иброҳимова гуфт, тақрибан ҳар рӯз дар бораи нигораҳо аз ҳар як толори осорхона ба забонҳои гуногун навор гирифта, дар Интернет пешкаши тамошобинон мекунанд. Шарҳи нигораҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ ва арабӣ сурат мегирад.

Фаридун Кенҷаев, масъули бахши сайри Осорхонаи миллии Тоҷикистон, гуфт, бемории COVID-19 дар канори иқтисоди кишварҳо беш аз ҳама ба бахши сайёҳӣ ва фарҳанг, аз ҷумла осорхонаҳову театрҳо зарба задааст. Вай афзуд, феълан аҳёнан чанде аз тамошобин аз дохили кишвар ба осорхона меоянду бас.

Ӯ гуфт: "Таҳлили наворҳои воридгардида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бештари мардум дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук фаъол ҳастанд. Ҳар наворе, ки аз ҷониби Осорхонаи миллӣ пешниҳод мешавад, то шаш ҳазор нафар тамошо мекунанд. Бештар наворҳои моро ба забони тоҷикӣ мебинанд. Шумораи тамошобинҳои русзабон ва англисидон низ зиёд аст."

Кенҷаев афзуд, бори аввал аст, ки осорхонаи Тоҷикистон ба фазои маҷозӣ роҳ ёфт, ҳарчанд, ба гуфтаи вай, бештаре аз осорхонаҳои машҳури ҷаҳон, ба монанди "Эрмитаж" дар Санкт-Петербург ва "Лувр" дар Парижу "Метрополитен" дар Амрико дар замони буҳрони COVID-19 муддатҳо пеш ба ин шакли хизматрасонӣ гузаштаанд.

Сӯҳроб Саидолимов, шаҳрванди Русия, ки барои муолиҷаи волидонаш дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфт, ҳеч яке аз сайрҳои маҷозӣ баробари дидани воқеии осорхона нест. Ӯ вақти холигиашро ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшидааст.

"Ман дар Санкт-Петербург бузург шудаам. Дар он ҷо осорхонаҳои зиёде ҳаст. Ҳамаи онҳо дар қолаби 3D сайри маҷозӣ доранд, вале ин ҷолиб нест. Ин мисли тамошои мустанад аст. Ҷолиб он аст, вақте зинда бо чашмони худ ин ҳамаро мебинӣ", - гуфт ӯ.

Бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соли 2014 мавриди истифода қарор дода шуд. Соли гузашта беш аз сад ҳазор кас аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан кардаанд.

Имсол паҳншавии бемории COVID-19 ба кори осорхона таъсир гузоштааст. Дар шаш моҳи имсол танҳо беш аз се ҳазор кас меҳмони Осорхонаи миллӣ шудаанд.

Тамошобинони хориҷии Осорхонаи миллии Тоҷикистон асосан русҳо, чиниҳо ва амрикоиҳо будаанд.

XS
SM
MD
LG